"16 кас маҷруҳ шуд." Ҷаласаи изтирорӣ дар робита ба зилзилаи Рашт

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 17-уми апрели 2025

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз чор рӯзи заминларзаи вайронгар дар Рашту Тоҷикобод дар ҷаласае изтирорӣ эълон кард, ки "як кас ҷон бохт ва шонздаҳ нафар маҷруҳ шуд".

Бино ба омори нав, дар ин ду ноҳия 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.

Инчунин, "193 иншоот, аз ҷумла як бемористони минтақаӣ, ду бунгоҳи тиббӣ ва ҳашт мактаб зарар диданд".

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми апрел хостааст, ба оилаҳое, ки хонаҳояшонро пурра аз даст доданд, дар маконҳои амн замин бидиҳанд. Ва манзили нави онҳо бояд то моҳи ноябри имсол бунёд шавад.

Тибқи навиштаи торнамо ё вебсайти президент, ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта" якҷо бо ҳукуматҳои Рашту Тоҷикобод вазифадор шуданад, ки "ба ҳар зарардида маблағ диҳанд."

Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда, соли 2020-2021 бар асари зилзила панҷ сокини Тоҷикобод ба ҳалокат расидаву наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ин ноҳия осеб диданд.

Заминҷунбиҳо дар ин минтақа фоҷиаи 10-уми июли соли 1949-ро ёдрас карданд, ки чун зилзилаи Ҳоит маъруф буда, сабаби марги 32 ҳазор нафар гашта буд. Аз он вақт бунёди манзил дар ин ҷо талаботи хос дорад, ки на ҳамеша риоят мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зилзила бори дигар бахшҳое аз Тоҷикистонро такон додПаёми ҳамдардии сафорати Амрико дар ТоҷикистонСокинони баъзе аз деҳаҳои зилзилахезро дар Рашт ба ҷойи амн мекӯчонандЯк кас ҷон бохт, 29 хона зарар дид. Заминларза дар Тоҷикистон