Нигаронӣ аз амиқрафти тамоюлҳои диктотурӣ ва нуфузи афзояндаи Русияву Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ва ба вижа Тоҷикистон, ҳарчи бештар зарурати роҳандозӣ шудани ислоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.
Ин андешаро мухолифон ва фаъолони сиёсию мадании кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни конфронси байналмилалии “Тавсеаи таҷовузи Русия алайҳи Украина дар қаламрави Осиёи Марказӣ: Чолишҳои Қафқозу кишварҳои Балтика ва ҳам Иттиҳоди Аврупо” баён карданд. Ин ҳамоиш рӯзи 13 май дар шаҳри Вилнюс баргузор шуд.
Дар кори он даҳҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва дигар фаъолони тоҷикистонӣ иштирок карданд.
Дар изҳороти муштараки ширкатдорон, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи ба ҳам омадани чанд омил, як ҳолати “наздик ба таркиш” ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, “бетағйир мондани қудрат ва адами комили масъулиятпазирӣ дар шароити диктатураи як шахсият; идомаи созиши миёни Русияву Чин дар заминаи истиқлолияти ин кишвар; то рафт амиқтар шудани шикофи байни наслҳои ҷавону калонсоли раҳбарикунанда дар Оиёи Марказӣ; ҳаракат ба самти низоми адлияи ҷазодиҳанда, фасоди беназорат ва фишори афзоянда ба озодиҳои инфиродӣ ва динӣ” чун мушкилоти ҷиддӣ номбар шудаанд.
Муаллифони изҳорот мегӯянд, дар натиҷаи “саркӯбҳои сартосарии режими Эмомалӣ Раҳмон” мардуми зиёд ва ҳам нирӯи корӣ кишварро тарк карда эҳсоси норизоият ва тундгарошавии ҷавонон боло мегирад. “Тавсеаи хатари террристӣ, аз ҷумла, аз гурӯҳҳои вобаста ба Шабакаи Хуросони ДОИШ, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, ба қавли фаъолон, на танҳо ба эътидоли дохилии ин кишвар, балки кулли минтақа таҳдид мекунад.
Нишасти Вилнюс бо кӯмаки Бунёди дифоъ аз демократия дар Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои маданӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳаракатҳои сиёсӣ ва коршиносони соҳаи сиёсат ва амнияти минтақаӣ баргузор гардид.