Русия: Ҷазо барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ихроҷи беш аз 174 ҳазор муҳоҷир

Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия

Дар соли 2024 дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷиронро барои ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷазо додаанд.

Додгоҳи олии Русия дар ин бора ҳафтаи гузашта ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолааш гузориш дод.

Ба маълумоти додгоҳ, зиёда аз панҷ ҳазор муҳоҷир, ки аксарашон аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд, бо иттиҳоми таҳияи санадҳои қалбакӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузашта гуфта буданд, ки маҳз низоми фасодзадаи Русия шароитро барои сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фароҳам меорад.

Дар умум додгоҳҳои Русия нисбат ба беш аз 21 ҳазор муҳоҷир қарору ҳукм содир кардаанд.

Зиёда аз се ҳазор муҳоҷир бо иттиҳоми даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир ва беш аз 3,5 ҳазор муҳоҷир барои дуздӣ дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба аксар айбномаҳои мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирон бовар надоранд ва қарору ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффофу одилона намедонанд.

Додгоҳи олии Русия ҳамзамон гуфтааст, соли 2024 ба таври бесобиқа дар даҳ соли охир, беш аз 174 ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шуданд.