Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо, ки аз Фонди захиравии президент ҷудо шудааст ва 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ (қариб 164 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ҷудо гардидааст.
Зимнан, ҷоизаи президенти Тоҷикистон соли 2015 таъсис ёфтааст ва бори нӯҳум аст, ки ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда мешавад.
То ин давра ба 370 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон 8 миллиону 250 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шудааст.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои осиёӣ муқаррар шудааст.
Се медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуданд, натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2024 мебошад.
Дар Олимпиадаи Порис-2024 аз 14 варзишгари тоҷик се нафар – Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев (-92 кг) дар риштаи бокс - бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар ду ришта - ҷудо ва гуштии озод - дар қаҳрамонии ҷаҳон пас аз 17 сол медал ба даст оварданд. Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Абдулмаҷид Кудиев моҳи октябри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 70 кило дар шаҳри Тиранаи Албания медали биринҷӣ гирифт. Қаблан, Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон соҳиби медали нуқра шуда буд.
Вале варзишгарони тоҷик соли 2024 натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то ҳоло касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло нагирифтааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати қариб даҳ сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.
Акмал Убайдов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, дар вазни то 60 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай пас аз панҷ сол барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси Осиё медали тилло овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 дар як маросими ботантана, ки онро рӯзҳои наздик Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ташкил мекунад, супурда хоҳад шуд.