Хатари омадани мавҷи азими чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон

Пешбиниҳои обуҳавосанҷони тоҷик мегӯяд, се рӯзи оянда дар қаламрави Тоҷикистон чангу ғубори пуршиддат мушоҳида хоҳад шуд. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сомонааш навиштааст, ки чунин вазъ аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ суръати бод то 15-20 метр дар соатро ташкил хоҳад дод.

“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад”, мегӯянд мутахассисони ин ниҳод. Дар паи боло рафтани мизони чангу ғубор эҳтимолан бархе худро бад ҳис кунанд ва шиддатёбии бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо ҳам пешбинӣ мешавад.

Мақомот ба аҳолӣ машварат додаанд, ки бо назардошти чунин тағйирот аз эҳтиёт кор гиранд. Аз ҷумла, ба кӯдакону наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, гирифторони бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), бемориҳои дилу раг машварат шудаст, ки аз рӯи имконият бе зарурат аз хона набароянд. Ба ҳама сокинон машварат шудааст, ки дару тирезаҳоро пӯшида нигоҳ доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Марги муш" дар ҳавои Душанбе. Чаро ҳавои пойтахт олуда шудааст?Афзоиши гарду ғубор Тоҷикистонро хушку камоб мекунад?