Хоманаӣ гуфт, бо Амрико музокира намекунанд

Доналд Трамп ва Алӣ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, ки бо ҳеч "кишвари зургӯ" музокира нахоҳанд кард.

Ин ҳарф замоне садо дод, ки як рӯз пеш Доналд Трамп, президенти ИМА эълон кард, ки ба Эрон барои музокира сари барномаи ҳастаӣ нома фиристодааст.

Хоманаӣ рӯзи 8-уми март дар як суханронӣ бе бурдани номи Амрико гуфт, "кишвари зургӯ" бо пешниҳоди музокирот "дар ҷустуҷӯи роҳи ҳали мушкил нест", балки онҳо мехоҳанд Эронро аз доштани силоҳи қавӣ маҳрум кунанд.

"Мушкил танҳо сари барномаи ҳастаӣ нест. Роҷеъ ба тавоноии дифои кишвар, роҷеъ ба тавоноиҳои байналмилалии кишвар: Фалон корро накунед, фалон касро набинед, онҷо наравед, фалон чизро тавлид накунед, мушакатон бурдаш аз ин қадар бештар набошад. Магар касе метавонад, ки инҳоро қабул кунад?"--гуфт ӯ.

Мақомоти Эрон пештар гуфта буданд, ки сари барномаи ҳастаӣ омодаи музокира ҳастанд. Кишварҳои ғарбӣ Эронро ба он айбдор мекунанд, ки дар фикри сохтани силоҳи ҳастаӣ аст, вале Эрон мегӯяд, омода аст, исбот кунад, ки силоҳи ҳастаӣ намесозад.

Рӯзи ҷумъа Доналд Трамп гуфт: "Ман ба онҳо нома навишта, гуфтам, ки умедворам шумо музокира мекунед, зеро агар мо аз роҳи низомӣ биравем, як чизи баде хоҳад шуд.”

Эрону Амрико беш аз чил сол боз робитаҳои мустақими дипломатӣ надоранд. ИМА шарик ва пуштибони аслии Исроил дар Ховари Миёна аст. Эрон борҳо эълон кардааст, ки вуҷуди Исроилро намехоҳад. Аз ин рӯ, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, ба Исроил ҳамла мекунад.