Кӯдакони муштоқи дидори модар. Тақдири фарзандони Рухшона
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" аз Тоҷикистон хост, хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро озод кунанд. Додгоҳ рӯзи 5-уми феврал Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм хашми мардумро барангехт, ки гуфтаанд, ҷудо кардани модар аз ду тифл зулму бераҳмӣ аст.