Мақомоти Суғд чанд касро барои нақзи қонуни танзим ҷазо доданд

Акс аз бойгонӣ.

Кормандони пулиси вилояти Суғд мегӯянд, бо назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ, чанд нафарро барои вайрон кардани қонуни танзим, ҷазо додаанд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Суғд дар наворе чанд намунаро шарҳ додааст.

Дар гузориши мақомот Ганҷина Бобоева, сокини ноҳияи Ашт нишон дода шудааст, ки зодрӯзашро дар як маркази хизматрасонӣ таҷлил кардааст. Навори оростани дастархон ва туҳфагирӣ ба Инстаграм роҳ ёфта, мақомот аз рӯи он Бобоеваро ҷарима кардаанд. Назари ин ҷавондухтар ба ҷарима шуданаш маълум нест.

Дар як ҳолати дигар, Фарангис Маҳмудова, молики мағозае дар шаҳри Хуҷанд ҳам барои гузоштани навори "ҳоҷиошӣ" ҷазо гирифтааст. Дар ҳоле, ки назари Маҳмудова ба қазия маълум нест, мақомот мегӯянд, ӯ баъди сафари ҳаҷ зиёфат ороста, ин ҳолатро дар шабакаҳо гузоштааст ва қонуни танзимро нақз кардааст.

Неъматулло Муминов, сокини шаҳри Истаравшан ҳам барои онки дар вақти тӯйи арусӣ ба сари домоду арӯс пул пошидааст, ҷазо додаанд. Ин лаҳза аз сӯи меҳмоне сабт шуда, дар Инстаграм гузошта шудааст.

Мақомот мегӯянд, ҳамаи ин афродро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим ҷарима карданд, аммо ҳаҷми онро нагуфтанд.

Қонуни баҳсбарангези танзим, ки мақомот аз он зиёд тавсиф мекунанд, барои маҳдудиятҳои зиёдаш танқидҳоро ба миён овардааст.