Ҳалокати се ангишткан дар кони Фон-Яғноб

Акс аз бойгонӣ

Бар асари фурӯ рехтани сангу рег дар кони ангишти Фон-Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд се коргар ҷон бохтааст.

Ҳодиса рӯзи 17-уми январ рӯй дод.

Ҷонбохтагон 41, 42 ва 47-сола буда, вале мақомот ному насабашонро нашр накардаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки "ҷасадҳо ба беморхонаи вилоятӣ бурда шуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои фоҷеаро таҳлилу тафтиш мекунанд."

Соли 2023 дар корхонаҳои Тоҷикистон 36 кас ҷон бохта, 34 тани дигар захмӣ шудаанд.

Корхонаи "Фон-Яғноб" таъминкунандаи асосии баъзе аз корхонаҳои азим, аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо ангишт мебошад.

Ин кон дар умум дорои захираи қариб 1,5 миллион тонна ангишт буда, корҳои истихроҷӣ дар онҷо аз соли 1936 сар шудааст.