Маросими видоъ бо поп Франсис бо ҳузури раҳбарони ҷаҳон

Маросими видоъ бо Поп Франсис, раҳбари 266-уми католикҳои ҷаҳон, имруз, 26 апрел, дар Ватикан баргузор шуд. Раҳбари калисои румии католикҳо, рӯзи 21-уми апрел дар 88-солагӣ даргузашт.

Дар Ватикан ва Рим чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи Ватикан, 200 ҳазор нафар дар маросими хоксупории Поп Франсис ҳузур доштанд.

Раисҷумҳури Амрико ва ҳамчунин даҳҳо тан аз раҳбарон ва мақомҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон барои ширкат дар ин маросим ба Ватикан рафтаанд. Ин нахустин сафари байналмилалии Трамп дар давраи дувуми президентиаш ба шумор меравад.

Бинобар эълони Ватикан, ҳудуди 50 раиси кишвар, аз ҷумла, президентҳои Аргентина, Фаронса, Олмон, Италия, Филиппин, Лаҳистон ва нахуствазирҳои Бритониё, Зеландияи Нав, ва ҳамчунин бисёре аз аъзои хонаводаҳои подшоҳии Аврупо, барои ширкат дар ин маросим ба Рум рафтаанд.

Ин зодаи Аргентина аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум калисои румии католикро роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона, дифоъ аз адолати иҷтимоӣ ва талошҳояш барои густариши мудоро машҳур буд.

Ӯ, дар давраи раҳбарияш бар калисои румии католикӣ зиёда аз 60 давлатро зиёрат кардааст ва сафари охирини худро дар теппаҳои канори пойтахти Италия ба поён мерасонад.

Одатан раҳбарони калисои румии католикӣ дар Ватикан ба хок супурда мешаванд, аммо Франсис хилофи анъана амал кард. Вай дар соли 2023 ҳангоми суҳбат бо телевизиони Мексика дархост намуд, ки хоксорона дар канори як калисои наздикиҳои шаҳри Рум дафн карда шавад.