Мери Лолор: Муҳокимаи ноодилонаи Рухшона Ҳакимова мояи нигаронӣ аст

Мери Лолор дар Душанбе, 9 декабри соли 2022. Акс аз бойгонӣ.

Як гузоришгари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндониро фавран озод кунад, чун муҳокимаи ӯ бо қонуншиканӣ ва мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ, сурат гирифтааст.

Мери Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯзи 15-уми май дар cӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова изҳори нигаронии амиқ кард ва гуфт, ки ӯ ноҳақ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард.

Шикояти Рухшона Ҳакимова ва вакили дифоаш барои бозбинии ҳукм рад шуд ва хабарнигорро рӯзи 22-юми апрел ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурданд. Ҳамчунин наздик ба 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова ҳам мусодира шудааст. Ҳукми ин хабарнигор дар ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он сарусадои зиёдеро ба миён овард.

Мери Лолор, ки рӯзи панҷшанбе, 15 май, аз Ирландия бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт:

"Як мояи нигаронии асосӣ ин аст, ки мо намедонем, то куҷо иттиҳомҳо ба зидди ӯ дуруст аст, зеро мо дар Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна муҳокимаро пинҳон баргузор мекунанд. Муҳокимаи ноодилона мояи нигаронӣ аст. Дар парвандаи ӯ, масалан, ба ӯ то чанд моҳ нагуфтанд, ки ба чӣ муттаҳам мешавад. Ӯро аз дастрасӣ ба парванда маҳрум карда буданд. Вакили дифоаш ҳатто нусхаи ҳукмро надошт, ё пас аз эълони ҳукм иҷозаи мулоқот бо ӯ надошт. Ингуна муҳокимаҳои махфии паси дарҳои баста, ки дар Тоҷикистон расм шудааст, бисёр ноодилонаанд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунанд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузоришгари СММ аз ҳукумат хост, ки Рухшона Ҳакимоваро озод кунад

Мери Лолор ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эътибор нагирифтани сарнавишти ду тифли Рухшона Ҳакимова, ки яке навзод аст, "амали ғайриинсонӣ", ба шумор меравад.

Ӯ аз ҷумла, гуфт, "маҳкум кардани модари ҷавони ду кӯдаки хурд ба ҳашт соли дарози зиндон воқеан дилрешкунанда аст. Ҷудо кардани тифлон аз модар худ бисёр сахт аст ва бар иловаи ин, иҷоза надодани кӯдакон ба дидори модарро набояд ба касе раво дид. Раво дидани ин корҳо барои онҳое, ки аз ҳуқуқи дигарон ҳимоят мекунанд, бевиҷдонӣ ва ғайриинсонӣ аст ва дуруст нест. Ҳомиёни ҳуқуқ бояд ҳақ дошта бошанд, ки фаъолияти сулҳомезу қонунии худро бе ягон таъқиб анҷом бидиҳанд. Агар онҳоро муҳокима мекунанд, бояд дар додгоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва одилона муҳокима кунанд, ки ҳатман нишон медиҳад, ки корашон қонунӣ ва сулҳомез буд. Онҳоро бояд ҳамин ҳоло озод кунанд".

Маълум нест ин даъвати Лолор, ки дар гузашта низ ба озод кардани ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорони дигари зиндонии тоҷик даъватҳо кардааст, дар Душанбе шунида хоҳад шуд ё на. Вале мақомоти тоҷик солҳои охир ҳарчи бештар аз иҷрои даъватҳои мақомдорони СММ, ки ӯҳдадориҳои узвият дар ин созмонро бояд иҷро кунанд, сарпечӣ мекунанд.

Дархосту хоҳиши озод кардани Рухшона Ҳакимоваро рӯзи 4 май волидони ин хабарнигор ҳам дар номаи саркушоде аз президент Эмомалӣ Раҳмон нашр карданд. Рӯзи 7-уми март, дар остонаи таҷлил аз Рӯзи модар дар Тоҷикистон даҳҳо зани саршиноси тоҷик ҳам бо фиристодани номае ба президент Эмомалӣ Раҳмон, хоҳони бозбинии ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова шуданд. Аммо мақомот ба ин нома ҳам вокунише накарданд.

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта ба ҳамсар ва фарзандон иҷоза доданд, ки бо Рухшона Ҳакимова дар зиндон дидорбинӣ кунанд. Ин яке аз нахустин мулоқоти хонаводаи ҷавон баъди содир шудани ҳукми зиндони Ҳакимова мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Панҷ тан аз чеҳраҳои саршиноси маҳкумшударо ба зиндони Ваҳдат бурдаанд"Гуфтанд, хонаро холӣ кунед." Оғози мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта"Гуфтанд, гуноҳ надорем, аммо ҳукм бетағйир монд"Талаби як Эътилофи байнулмилалӣ аз мақомоти ТоҷикистонДар Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки чаро Рухшона пеши кӯдаконаш намондКӯдакони муштоқи дидори модар. Тақдири фарзандони Рухшона