"Моро наҷот диҳед". Муроҷиати тоҷикон барои раҳоӣ аз асорат дар Украина

Акс аз бойгонӣ.

"Бубинед ако, либсои низомӣ пӯшидаам. Ҳоло нишон медиҳам... ин асобағал дар дастам, бозӯр раҳ мегардам. Намедонам.. бо ҳамин ҳоло агар равам, ака, Худо нишон надиҳад, мемурам. Давида наметавонам, коре карда наметавонам. Илтимос ака, хоҳиш мекунам..."

Илтиҷои як маҳбус, аз мақомоти Тоҷикистон. Ҷамолиддин Саиди 35-сола мегӯяд, ӯро бо пойи захмӣ аз як табобатгоҳи низомии Русия дубора ба ҷанги зидди Украина бурданд. Бо ирсоли ин навор ба Радиои Озодӣ, вай аз саргузашти худ нақл карда, аз мақомот хост, барои баргардониданаш аз майдони ҷанг кӯмак кунанд.

"Пизишки полки низомии мо навиштааст, ки гӯё ман сиҳатам, маро табобат кардаанд. Вале ман бо асобағал роҳ меравам. Ман роҳ рафта наметавонам. Дар поям 20 оҳанпора ҳаст, аз зону боло ҳам 20 оҳанпора. Дар маҷмӯъ беш аз 40 оҳанпора дар тан дорам, аммо маро табобат накарданд. На барои ҷароҳатҳо пул гирифтам ва пули се моҳаи корам ҳам наомад".

Ин шаҳрванди Тоҷикистону Русия декабри соли 2024 аз маҳбас бо ваъдаи озодӣ ба ҷанг рафта, дар полки низомии 101 дар Донетск меҷангид ва дар як таркиш маҷрӯҳ шуд.

Ҷамолиддин Саид дар гузашта дандонпизишк кор мекардааст ва мегӯяд, барои табобати модараш, ки аз саратон азият мекашид, ба пул зарурат дошт ва ба қочоқи маводи мухаддир даст заду 9 сол зиндонӣ шуда буд.

Мегӯяд, ҳамроҳи ӯ се тоҷики дигаре буд, ки ҳамаро аз маҳбас ба ҷанг бурда буданд. Дақиқ нест, ки дар умум чӣ теъдод аз тоҷикон мисли Ҷамолиддин Саид дар Украина меҷанганд.

Вале чанде пеш тарҳи "Зистан мехоҳам"-и Украина бо нашри як рӯйхат номи беш аз 900 зархариди тоҷикро эълон кард. Номи мусоҳиби мо дар ин рӯйхат нест.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муроҷиати тоҷикон барои раҳоӣ аз асорат дар Украина

Аммо Хушвақт Перузалиев, яке аз онҳоест, ки дар рӯйхат на фақат аз ӯ ёд шудааст, балки тарҳи "Зистан мехоҳам" дар навори 14 дақиқаи, қиссаи зиндагӣ ва ба ҷанг афтодани ӯро нашр кард.

"Ба Воронеж оварданд. Дидам, ки ҳама либоси низомӣ доранд, пурсидам, ки чаро ман инҷо омадам. Гуфтанд, ки ту қарордод бастаӣ, ту дар полигон ҳастӣ, ман гуфтам, кай фурсат ёфтам...? Гуфтам, ман ҷанг намекунам. Онҳо гуфтанд, ту дар анбор кор мекунӣ, вақте он ҷо расидем, гуфтанд, ту "штурмовик" (ҳамлавар) ҳастӣ".

Муҳоҷири тоҷик нақл кардааст, ки баъди ҳодисаи "Крокус" дар пайи як рейд боздошт шуд ва бояд ба ватан хориҷ мешуд, аммо ба ҷойи ин, ӯро ба як комисариати ҳарбӣ ва аз онҷо ба ҷанг бурданд. Мегӯяд, он ҷо шоҳиди кушта шудани шахсони зиёде шуд. "Дар аввал даҳшатнок буд, Ҷасадҳо хеле зиёд буданд. Ҳама варам кардаанд. Дар пеши чашми ман чӣ қадар одамон мурданд. Ман интизор надоштам, ки чунин мешавад. Масалан, мо 15 нафарро омада будем, ман онҳоро дигар надидам".

Моҳи декабри соли 2024 муаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам" бо нашри ин навор хабар доданд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина ба асорат афтодааст ва аз наздикони Хушвақт Перузалиев хостанд, бо муроҷиат ба мақомоти тоҷик барои баргардонидани ӯ талош кунанд, вагарна Русия ӯро бозпас мегирад. "Агар ту ин видеоро мебинӣ, ман сиҳату саломатам. Кӯдаконро ҳифз кун, худатро эҳтиёт кун, умедворам ин ҳама ба зудӣ ба охир мерасад".

Рӯзи 5-уми май намояндагони тарҳи "Зистан мехоҳам" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Перӯзалиев ҳанӯз дар лагер ё урдугоҳи низомиён табодулро интизор аст. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ маълум кард, ки дар миёни зархаридони тоҷик, теъдоди муҳоҷироне зиёданд, ки мисли Хушвақт барои нақзи қоидаҳои иқомат боздошт шуда, бо таҳдид ба ҷанг ҷалб шудаанд.

Аммо ба фарқ аз зархаридоне, ки ба гуфтаи худашон ноогоҳона ва ё аз ноилоҷӣ ба ҷанг рафта, акнун роҳи гурез меҷӯянд, тоҷиконе ҳам ҳастанд, ки бо нашри навор дар шабакаҳо, ошкор ҳузури худро дар он таблиғ мекунанду намоиш медиҳанд.

Таҳлилгарон пайвастани тоҷикон ба ҷангро ба камбизоатӣ ва муҳоҷират ба Русия, пайванд медиҳанд. Чӣ теъдод аз зодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг кушта шудааст, дақиқ нест, аммо дар фазои маҷозӣ метавон эълону муроҷиатҳои зиёдеро дид, ки дар он аз марг ё нопадид шудани тоҷикон дар ҷанг хабар дода шудааст.

Дар рӯйхати тарҳи "Зистан мехоҳам", шумораи тоҷикони кушташуда 196 нафар гуфта шудааст. Мақомоти тоҷик дар ин бора омору маълумоте намедиҳанд. Аммо чанде пеш як мансабдор аз Хатлон гуфт, дастур гирифтаанд, ки тоҷикон дар ҷанг бударо рӯйхат кунанд.