Муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки бо хатари ихроҷ аз Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд

Аксари муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.

Шуморе аз муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки Тоҷикистон ахиран теъдоде аз афғонҳоро, ки дар Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагон, низ сабт буданд, аз ин кишвар берун кардааст.

Онҳо бо нигаронӣ аз ин вазъият, аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд, ки бинобар ҳолати феълӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон, тасмимҳои худ роҷеъ ба ихроҷи паноҳандагони афғонро бозбинӣ кунанд.

Мақомоти тоҷик то кунун ба таври расмӣ дар робита ба гузоришҳо оид ба ихроҷи ахири паноҳандагони афғон, ибрози назар накардаанд.

Яке аз паноҳандагони афғон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба шарти тағйири садо ба Радиои Озодӣ гуфт, "шуморе аз афғонҳоеро, ки дар UNHCR сабт буданд, ихроҷ карданд. Яке аз дӯстҳои мо буд, ки инҷо ронандаи таксӣ буд. Ӯ бечораро ҳам ихроҷ карданд. То кунун аз ӯ хабаре надорем. Дар Афғонистон ҳам вазъият бисёр бад аст. Агарчӣ инҷо низ бо мушкили зиёде рӯбарӯ ҳастем, вале боз ҳам Тоҷикистон набояд моро ба Афғонистон ихроҷ кунад. Хеле нигарон ҳастем".

Яке дигар аз муҳоҷирони афғон, ки ӯ низ нахост номаш дар гузориш гирифта шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боздошт мекунанд ва ба он тарафи марз мефиристанд. Ҳамин дирӯз ё як рӯз қабл аз он, афғонҳоро аз шаҳри Ваҳдат гирифтанд ва ба он тарафи марз фиристоданд. Садои касеро намешунаванд. Маълум нест, ки сарнавишти ин муҳоҷирон чӣ мешавад?"

Радиои Озодӣ дар миёнаҳои ҳафтаи ҷорӣ хабар дода буд, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 47 паноҳҷӯйи афғонро аз кишвар берун карда, ба Афғонистон баргардондаанд.

Ба қавли як манбаи Радиои Озодӣ, аксари паноҳҷӯёни ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд ва асосан ба таксиронӣ машғул буданд.

Ин паноҳандагон аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён-Бандари Шерхон, ба Афғонистон ихроҷ шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар миёни ихроҷшудаҳо, ба ҷуз ронандагони таксӣ, касоне, ки барои харид ба бозор рафта буданд, низ боздошт ва ихроҷ шудаанд.

На масъулини сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ва на консулгарии таҳти контроли Толибон дар Тоҷикистон, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ дар мавриди ихроҷҳо посух надоданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора расман шарҳе надодаанд.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, мудири намояндагии муҳоҷирони афғонистонии "Ориёно" дар Тоҷикистон боздошти муҳоҷирони афғонро рад ваё тасдиқ накард, вале дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти Тоҷикистон бадрафторӣ намекунанд, дар сурати нақзи қонун, муҳоҷирро даъват мекунанд ва масъалаи ихроҷашро баррасӣ мекунанд".

Ҳазорон паноҳҷӯи афғон аз чанд даҳсола ба ин тараф, ба вижа пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин низ даҳҳо муҳоҷири афғонро аз ин кишвар берун карда буд.

Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаон, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз ин афрод, санад ва корти паноҳандагӣ доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.