Муин Ғафуров дар UFC бо размикори ҷопонӣ рақобат мекунад

Муин Ғафуров. Акс аз бойгонӣ

Муин Ғафуров, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC шаби 19-уми январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқобили Риня Накамураи ҷопонӣ вориди рақобат мешавад.

Ғафурови 28-сола дар ММА ҳамагӣ 25 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 19-тоаш пирӯз шуда, дар 6-тоаш шикаст хӯрдааст. Вазнаш 61 кило ва қадаш 1 метру 70 сантиметр.

Риня Накамураи 29-сола дар муҳорибаҳои ММА то ҳоло шикастнопазир аст. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоӣ, аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст. Қадаш 1 метру 70 сантиметр, вазнаш 61 кило.

Накамура як размикори хеле ҷолиб мебошад. Вай дорои таҷрибаи ғанӣ дар куштӣ буда, дар ҷараёни рақобат фаъолона кор мекунад ва усулҳои зарбазании баландсифат дорад. Ҷопонӣ айни замон дар ҳолати хуби варзишист ва тасодуфӣ нест, ки UFC ӯро ҳамчун як размикори ояндадор меҳисобад.

Мутахассисони ММА пешбинӣ мекунанд, ки рақобат бо Накамура барои Муин Ғафуров сахту вазнин хоҳад шуд.

Муин Ғафуров 7-уми сентябри соли 2021 дар финали силсилаи номзадҳои Дана Уайт бо Чад Анҷелигери канадагӣ рӯбарӯ шуда буд. Дар сурати пирӯзӣ размикори тоҷик метавонист дар таърих ҳамчун нахустин варзишгар аз Тоҷикистон бо UFC шартнома бандад, вале ӯ дар набарди ниҳоӣ бо тасмими тақсимшудаи доварон шикаст хӯрд.

Муин Ғафуров танҳо баъди қариб ду сол вориди UFC шуд. Вай моҳи июни соли 2023 дар аввалин рақобаташ дар ин ташкилот аз Ҷон Кастанеда (ИМА) бо қарори якдилонаи доварон шикаст хӯрд. Дар моҳи октябри ҳамон сол Ғафуров бори дигар дар UFC ба нокомӣ дучор гашт. Муин аз Саид Нурмагомедови русиягӣ мағлуб шуд.

Ниҳоят, размикори тоҷик моҳи июни соли 2024 аввалин ғалабаи худро дар UFC ба даст овард. Ӯ Куюнг Ҳо Канги кореягиро шикаст дод. Ҳамин тариқ, Муин Ғафуров чаҳорумин размикор аз Тоҷикистон аст, ки ба UFC дохил шудааст.

Бояд зикр намуд, Муин Ғафуров соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои размӣ дар Маскави Русия дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абзал Абилдашев аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло мукофотонида шуд.