Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) бо Австралия, Тайпэй ва Фаластин бозӣ мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Рақибони дастаи мунтахаби духтарони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) шомили гурӯҳи «С» шуда, бо тимҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «С» аз 6-ум то 10-уми августи имсол дар Душанбе баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола дар маҷмуъ 33 даста ширкат мекунад. Дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чаҳордастаӣ иборатанд.

Бояд гуфт ғолибони гурӯҳҳо ва се дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд доир мегардад, роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев охири моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Ҷидда бо тими Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳардуяш пирӯз шада буд.

Дар бозии аввали дӯстона духтарони футболбози тоҷик бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева заданд.

Бозии дуюми дӯстона низ бо ғалабаи мунтахаби духтарони то 20-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Нозия Абдуғаффорова дар замони ҷуброншуда (90+5) ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешуд.