Музокироти навбатии ИМА ва Эрон барпо шуд

Музокироти ҳайтаҳои ИМА ва Эрон дар Уммон

Дар пойтахти Уммон шаҳри Масқат рӯзи якшанбе даври чоруми музокироти миёни ИМА ва Эрон оид ба барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд. Музокираҳо аз моҳи апрел шурӯъ шудаанд ва расман музокираҳои ғайримустақим ном доранд, чун миёни Эрон ва ИМА муносибатҳои дипломатӣ вуҷуд надорад. Уммон ба унвони кишвари миёнҷӣ дар ин музокирот иштирок мекунад. Рӯзи якшанбе, ба гуфтаи як намояндаи ҳайати амрикоӣ, ки номаш нашр нашуд, қисме аз гуфтугӯҳо ба таври мустақим ҷараён гирифт.

Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бахши охирини музокираҳоро “ҷиддитар” ва “дорои ҷузъиёти бештар” назар ба гуфтугӯҳои пешин номид. Ӯ гуфт, музокираҳо пешрафт мекунанд ва идома хоҳанд ёфт, ҳарчанд феълан санаи музокираҳои баъдӣ маълум нест. Дар ИМА даври гузаштаи музокираҳоро “умедворкунанда” номиданд.

Бино ба изҳороти ширкатдорони музокираҳо, мавзӯи ураниуми ғанишуда ҳамоно барои дастёбӣ ба созиш як монеае мебошад. Арақчӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки Эрон мизони ғанисозии ураниумро метавонад поён бард, вале аз ин кораш пурра даст нахоҳад кашид. Аз ин пеш фиристодаи вижаи ИМА Стивен Уиткофф гуфт, ки барои ИМА дасткашии Эрон аз ғанисозӣ як талаби бисёр муҳим ва калидӣ мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Уммон Бадр ал-Бусаъидӣ гуфт, ки ҳарду тарафи гуфтугӯ дар ҷараёни муколамаҳо фикрҳои “муфид ва нобе” ба хотири дастёбӣ ба созиш баён карданд.

Президент Доналд Трамп мегӯяд, мақсади ИМА ин аст, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст наёбад. Вашингтон талаб дорад, ки барномаи ҳастаии Эрон баста шавад. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаиаш барои эҷоди силоҳи ҳастаӣ равона нашудааст. Трамп ба раҳбарияти Эрон пешниҳоди созише кардааст, ки ҷузъиёти он фош намешавад, вале дар Теҳрон пайваста такрор мекунанд, ки ҳама гуна созиш бояд аз байн бурдани таҳримҳои Эронро дар назар бигирад. Трамп гуфт, ки дар сурати адами дастаёбӣ ба созиш, ИМА истифодаи тадбирҳои низомӣ алайҳи Эронро истисно намедонад.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кохи сафед гуфт, Эрон ду роҳи интихоб дорадХоманаӣ гуфт, бо Амрико музокира намекунанд