Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва раҳбарони воломақоми Аврупо рӯзи 17-уми апрел дар Порис (Париж) бо ҳайати баландпояи ҳукумати Амрико роҳҳои хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд.
Ҳадаф аз музокирот ошкор намудани ташвиши кишварҳои аврупоӣ аз он буд, ки маъмурияти Доналд Трамп талош дорад, мавқеъгирии Русияро дар ҷанги Укрина сафед кунад. Ба назар мерасад, Иёлоти Муттаҳида ҳам шартҳои худро доштааст.
Котиби давлатии Амрико Марко Рубио гуфт, агар дар чанд рӯзи оянда нишонаҳои пешрафт дар ҳалли низоъ ҳосил нашавад, кишвараш миёнаравиро барои сулҳи Русия ва Украина канор мегузорад.
Марко Рубио гуфт, масъалаҳои дигари миқёси ҷаҳонӣ ҳастанд, ки Иёлоти Муттаҳида ба онҳо бартарӣ хоҳад дод.
"Ба фикрам, муҳим аст, ба ҳама ёдовар шавам, ки ҷанг дар Украина амали ваҳшатбор аст, аммо ҷанги мо нест. Мо онро шурӯъ накардаем. Амрико тӯли се сол ба Украина кумак расонд ва ҳоло мехоҳад ба ин кор хотима бахшад,” -- афзуд ӯ.
Сарфи назар аз ваъдаи хатми босуръати ҷанг маъмурияти Трамп то кунун ба натиҷаи назаррасе дар ҳалли ин низоъ даст наёфтааст.
Украина моҳи март ба пешниҳоди Трамп дар бораи оташбас мувофиқат кард, вале Маскав онро напазируфт.
Он замон ҷонибҳо розӣ шуданд, ки аз ҳамла ба пойгоҳҳои энергетикӣ ва ҷанг дар баҳр худдорӣ мекунанд, вале то имрӯз Маскав ва Киев якдигарро бо вайрон намудани ин созиш муттаҳам мекунанд.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳушдори Амрико: "Агар ташаббуси Трамп дастгирӣ наёбад..."