Феълан дар вилояти Суғд ду гузаргоҳ бо вилояти Ботканди Қирғизистон фаъол аст. Ба гуфтаи шаҳрвандон, пеш аз баста будани марзҳо аз ҳар гушаҳои байнисарҳадӣ бемонеа равуо мекарданд.
Анора Раҳмонова, сокини қирғизтабори шаҳри Конибодом ҳоло ба ҷамъоварии пилла машғул аст. Фарзанду набераҳояш дар вилояти Ботканди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, баъди боз шудани марзҳо боре ҳам ба Қирғизистон нарафтааст. Анора қасд дорад ҳарчи зудтар мавсими кори пилларо ба охир расонда, бо маблағи ҷамъовардааш ба дидори фарзандонаш равад. Зеро ҳарчанд ҷои зисти онҳо ба ҳамдигар наздик аст, вале то расидан ба гузаргоҳ бояд роҳи дарозеро тай кунад.
Анора Раҳмонова, сокини шаҳри Конибодом дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Роҳи 20-дақиқаинаро мо 5-6 соат тай карда ба назди пайвандонамон бояд равем. Тавассути гузаргоҳи Қайрағоч дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мегузарем. Ман баъди кушодани марзҳо нарафтаам. Шиносномаи хориҷиро нав гирифтам, корамонро шуда ҳамроҳи ҳамкоронам меравам».
Ба гуфтаи ин зани солманд, то баста шудани марзҳо низоми рафтуомад миёни ду кишвар осонтар ва бемонеа буд.
Дар деҳаи Санҷидзори Конибодом танҳо Анора Раҳмонова нест, ки бо чунин мушкил рӯбарӯ шудааст. Фарзандони Бердимурод Тиллобоев низ дар он тарафи марз зиндагӣ доранд. Ин марди солманд мегӯяд, ки дар давоми ду моҳи охир чанд маротиба барои дидори пайвандонаш сафар кардааст, аммо умедвор аст, ки рафтуомад боз ҳам осонтар мешавад.
Бердимурод Тиллобоев, сокини шаҳри Конибодом гуфт: “Дар деҳаҳои Дӯстлик, Шастсолагӣ, Арқа қудову хешутабори зиёд дорем. Тавассути гузаргоҳи Қайрағоч рафта омада истодаем. Дур бошад ҳам. Назар ба оне, ки аз инҷо гузарему моро ҷарима кунанд, роҳро кушоданд, тавассути ҳамон гузаргоҳ рафта омада истодаем. Оянда боз беҳтар мешавад гуфта истодаанд. Ё тавассути Овчиқалъача ё тавассути Шастсолагӣ роҳи гузаргоҳ мешавад гуфта истодаанд. Агар шавад боз ба халқ нағз мешавад”.
Дар ҷамоати Хистеварз низ аксар сокинони наздимарзӣ барои дидор бо дӯстону наздиконашон дар деҳаи Борбордук ба ҷойи роҳи садметра бояд роҳи садкилометраро тай кунанд. Бинобар наздик будани ду деҳа бисёре аз бошандагони инҷо риштаи хешу таборӣ доранд ва интизоранд, ки ҳарчӣ зудтар дар ин минтақа низ гузаргоҳҳои марзӣ сохта шавад ё низоми рафтуомад сода гардад. Дур будани роҳи кунунӣ ҳатто ба бозор ва кори тоҷирон таъсири манфӣ расонидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақозоҳо барои бозтар шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ойхола Ҳошимова, тоҷири бозори Хистеварз аст. Ӯ мегӯяд: “Пеш аз Covid зӯр буд. Қирғизҳо меомаданд. Аз мо каме болотар зиндагӣ мекунанд. Маҳсулоту сабзавот мегирифтанд. Ҳама равуо мекард. Бисёр нағз буд”.
Чунин хости сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ дар ҳолест, ки Қирғизистон ба кашидани симхор дар марзаш бо Тоҷикистон оғоз кардааст. Айни ҳол аз ҳафт ноҳияи наздимарзии вилояти Суғд танҳо дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаргоҳи марзӣ амал мекунад. Дар ҳолати гузаштан аз роҳи ғайримуқаррарӣ шаҳрвандон ҷарима мешаванд ва ё ҷазои сахттар мегиранд.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ мегӯяд, бо ин вуҷуд роҳҳои наздик кардани шаҳрвандони наздимарзии ду минтақаро бояд сарони давлатҳо чораандешӣ кунанд, то дӯстӣ дар минтақа ривоҷ ёбад.
Мирсаидов гуфт: “Имрӯз зарур аст, ки кишварҳо ҳамин нозукиҳоро ба назар гиранд. Яъне агар лозим шавад минтақаҳои озоди иқтисодӣ созмон диҳанд. Ё худ гузаргоҳҳои иловагие дар назди маҳаллаҳои аҳолиниши бузург пайдо шавад, ки мардум азоб нашаканд. Мардум имконият пайдо кунанд, ки пайвандони худашонро ба осонӣ рафта хабар гиранд. Барои ҳамин чунин зарурият пайдо шудааст”.
Рӯзи 13-уми март Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз баҳсҳои тӯлонӣ созиши марзиро имзо карданд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.