Офтобе, ки на ҳамаро гарм мекунад. Чаро дар Тоҷикистон энержии офтобӣ барои бисёриҳо дастнорас аст?

Солнечная станция

Дар Тоҷикистон 330 рӯзи сол офтобӣ аст ва аз назари аввал шароит барои рушди энержии офтобӣ бисёр мусоид мебошад. Вале  ин соҳа бисёр кунд пешрафт мекунад. Хабарнигори бахши “Азаттик Азия” Наргис Ҳамробоева ва ҳамкоронаш дар гузорише сабабҳои ин вазъро таҳлил кардааст.

Ҳар субҳ дар деҳоти Тоҷикистон аз боз кардани тирезаву рӯшан кардани хонаҳо шурӯъ мешавад. Бисёр вақт хонаҳоро субҳи босафо ва офтоби гарму пурнуре рӯшан мекунад, вале ҳеҷ заррае нирӯи барқ намедиҳад.

Барои таҳияи ғизо ё гарм кардани об бисёр хонаводаҳо бо шеваи қадимии истифода аз ангишт, тапак ё чӯбу дарахт пеш мераванд. Бисёр моҳҳо дар сол дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон барқ дода намешавад ва панелҳои офтобӣ ҳам дар ин ҷо тақрибан вуҷуд надоранд.

Танҳо чанд намунаи муваффақи истифода аз батареяҳои офтобӣ амал мекунанду тамом.

Фермае дар ноҳияи Рӯдакӣ

Каме дуртар аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ як фермаи харобу валангоршудае аз нав барқарор гардид ва ҳоло истеҳсолкунандаи муҳими ширу гӯшти гов мебошад. Соҳибкор Ибодулло Раҷабов мегӯяд, як сол пеш қарор шуд, ки ин фермаро аз нав зинда кунанд ва аз кишвари Дания 30 гови зотӣ оварданд. “Ҳоло саршумори гову гӯсола 60 сарро ташкил медиҳад, як буқа ҳам ҳаст. Мо дар орзуи рушди истеҳсоли гӯшту панир ҳастем. Вале барои фаъолияти имрӯзаи мо ҳам бояд як масъалаи калидиро ҳал мекардем”, мегӯяд Раҷабов.


Ибодулло Раҷабов ва фермаи говпарварии ӯ

Ин соҳибкор гуфт, бахусус дар мавсими зимистон вазъ хеле ҷиддӣ буд, чун бисёр ҷараёнҳои кори фермаро ҳатто барои як соат намешавад боздошт. Масалан, дастгоҳҳои ширдӯшӣ, системаи обкишт ё гидропоникии тағзияи хӯроки чорво, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигарҳо ба таъмини бетанаффуси нирӯи барқ эҳтиёҷ доранд.

Қарор шуд, ки барои ҳалли ин мушкил панелҳои офтобӣ ва аккумуляторҳои онҳо харидорӣ шаванд. Раҷабов гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди ферма 56 панели офтобӣ бо қудрати 35 квт соат амал мекунанд ва онҳо эҳтиёҷоти пурраи кори фермаро мебароранд.


Батареяҳои офтобии боми ферма

“Ҳатто дар рӯзҳои абрӣ мо аз энержии ҷамъшуда истифода мекунем ва дар ҳолатҳои хеле истисноӣ ба хатти маъмулии барқ пайваст мешавем, - гуфт Ибодулло Раҷабов. – Ин дастгоҳҳо кору фаъолияти моро босубот гардониданд.

Бале, хароҷоти пайвасташавӣ ба нирӯи офтобӣ гарон буд, вале ин хароҷот худро мепӯшонад. Харҷи мо барои масрафи барқ тахминан ду баробар кам шуд – аз 15-20 ҳазор сомонӣ то 8 ҳазор сомонӣ дар моҳ. Акнун ҳеҷ як садама дар хаттҳои барқ ба мо дахле надорад”.

Паноҳгоҳе барои занон

Дар ноҳияи Ҳисор паноҳгоҳе барои занон амал мекунад, ки муштариёнаш асосан занони аз ҷабру зулми шавҳарон фироркарда мебошанд. Соле дар ин муассиса тахминан 30 зан бо ёрии ҳуқуқиву маишӣ ва касбӣ фаро гирифта мешаванд.

Ин ҷо ошхона, хонаҳои дастшӯӣ, ҷомашӯӣ ва утоқҳои истиқоматӣ ҳастанд. Ба занҳои ҷабрдида баъди кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ касб ҳам меомӯзонанд. Бо ёрии Барномаи рушди СММ қисме аз хароҷоти панелҳои офтобӣ пӯшонида шуд. Мавҷуда Ҳакимӣ, ки муассиси ин паноҳгоҳ мебошад, мегӯяд, бо ёрии панелҳои офтобӣ хароҷоти нирӯи барқ дар ин муассиса 30-40% камтар шудааст.


Дар ҳамин ноҳияи Ҳисор баъзе хонаҳои истиқоматӣ ҳам ба панелҳои офтобӣ пайваст шудаанд.

Хонаи соҳибкори 45-сола Шамсулло пурра бо батареяҳои офтобӣ таъмин карда шудааст ва ин ҳавлии замонаии 400-метрӣ дар дохилу берун бо шароити мусоиду роҳат бунёд шуда, хонааш ҳамеша гарм аст.


Мавҷуда Ҳакимӣ, муассиси паноҳгоҳ барои занон дар Ҳисор

Вале ҳавлии ҳамсояи ӯ Аёмиддини 46-сола мисли манзили бисёр дигар сокинони Тоҷикистон аз хатти барқ вобаста мебошад. Ин манзил зимистонҳо бисёр сард аст ва як тонна ангиште, ки ӯ бо 1400 сомонӣ барои зимистон харида буд, танҳо барои гарм нигоҳ доштани як утоқи хона кифоят кардааст.

Аёмиддин гуфт, ки дар бораи батареяҳои офтобӣ ваё имкониятҳои он хабаре надорад.

Хонаи соҳибкор Шамсулло бо батареяҳои офтобӣ насб шудааст

“Роҳи сарбаста”

Дар Тоҷикистон ҳар зимистон маҳдудияти таъмини барқ амал мекунад ва дар деҳоту манотиқи дурдаст дар як шабонарӯз на бештар аз 8-10 соат барқ дода мешавад. 95% барқро нирӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунанд, вале бо сабаби зимистон коҳиш ёфтани сатҳи оби обанборҳо, истеҳсол кам шуда дар кишвар реҷаи маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад.

Бори сангини бебарқиро асосан сокинони деҳот мекашанд. Барои онҳо доштани панелҳои офтобӣ метавонад наҷотбахши бӯҳрон гардад, вале бидуни сармоягузорӣ ба энержии сабзу фароҳам кардани қарзҳои боимтиёз ба аҳолӣ ҳал кардани ин масъала имконпазир нахоҳад буд.

Фарҳод Абдураҳмонов, мутахассиси Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат мегӯяд:

“Тоҷикистон барои рушди энержии офтобӣ имконияти фаровоне дорад, чун аз 260 то 330 рӯзи солаш офтобӣ аст. Зарфияти фаннии истеҳсоли нирӯи офтобӣ дар сол 25 милилард квт соатро ташкил медиҳад ва ин метавонад давоми даҳ моҳ 80% эҳтиёҷоти аҳолиро таъмин намояд. Вале бо ин вуҷуд энержии офтобӣ дар кишвар дар зинаи ибтидоии рушд қарор дорад. Ягона истгоҳи тиҷоратии барқи офтобӣ дар кишвар соли 2020 дар Мурғоб ба истифода дода шуда буд. Иқтидори он 220 квт соат мебошад. Ин қадами муҳим, вале ҳанӯз ҳам қадами аввал аст”.

Истгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

Ба гуфтаи Абдураҳмонов, дар вилояти Суғд ва дар ҷанбу ғарби Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои пурқудрати бештаре дар назар гирифта шудааст, ки ба пояи истеҳсолоти саноатӣ баробар мешаванд. То соли 2027 дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ сохтмони истгоҳҳои хурди офтобӣ бо қудрати беш аз 14 мвт дар назар гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, аз моҳи апрели соли 2024 дар Тоҷикистон талаби ҳатмии насб кардани биноҳову сохтмонҳои нав бо системаҳои офтобӣ амал мекунад ва пеш аз ҳама ин талабот мактабу беморхона ва хонаҳои истиқоматиро дар назар дорад.

Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Абдураҳмонов, “нархи баланди системаҳои офтобӣ садди асосӣ барои васеъ паҳн шудани онҳо, бахусус дар минтақаҳои русто мебошад. Дар дохили Тоҷикистон истеҳсоли ватании панелҳои офтобиву аккумуляторҳои онҳо ба роҳ монда нашудааст, тахминан тамоми васоил аз хориҷа ворид карда мешавад.

Ин чиз нарху мӯҳлати овардани онро зиёд мекунад, харҷи насб кардани онҳо ҳам баланд аст. Набуди имтиёзҳои молӣ ва барномаҳои қарзии дастрас барои аҳолӣ рушди ин навъи фанновариҳоро дар кишвар кунд мекунад. Илова ба ин, мутахассисони ин соҳа ҳам дар Тоҷикистон камчин ҳастанд ва дар натиҷа, як роҳи сарбастае ба вуҷуд меояд”, гуфт мутахассис.


Ошхонаҳои офтобӣ. Акс аз бойгонӣ

Чаро гарон аст?

Мансур Қуддусов, муовини раиси Анҷумани манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар асосан ду намуди истгоҳҳои офтобӣ амал мекунанд. Аввалӣ – истгоҳҳои шабакавии офтобӣ ҳастанд, ки дар як вақт бо бо шабакаи шаҳрӣ кор карда аккумулятор надоранд ва энержии истеҳсолшуда ҳамон замон ба шабакаи бино дастрас мешавад. Ингуна шабакаҳо барои ширкатҳои тиҷоратӣ манфиатоваранд, чун, ба гуфтаи Қуддусов, тарруфаҳои онҳо назар ба аҳолӣ, гаронтар ҳастанд.

Намуди дуюми истгоҳҳои офтобӣ – мустақил ваё гибрид ва дорои аккумулаятор мебошанд. Ингуна истгоҳҳо дар маконҳое ба кор мераванд, ки он ҷо таъмини босуботи нирӯи барқ вуҷуд надорад. Агар дар гузашта нархи онҳо хеле гарон буд, вақтҳои охир вазъ тағйир меёбад.

Қуддусов гуфт, “рушди энержии офтобӣ дар Тоҷикистон дар самти мусбат пеш меравад. Таваҷҷӯҳи давлат ба энержии сабз, арзонтар шудани нархи дастгоҳҳо ва афзоиши нархи нирӯи барқи анъанавӣ далели он мебошад. Имкони ҷалби сармоягузориҳои инфиродӣ аз созмонҳои моливу байналмилалӣ вуҷуд дорад”.



Қуддусов гуфт, бисёриҳо кори системаҳои офтобиро бо нархи шабакаҳои барқи шаҳр муқоиса мекунанд ва ин иштибоҳ аст. “Як чизро бояд дуруст дарк кард, ки аккумуляторҳо як ҷузъи гарон, вале бисёр муҳими кори мустақили истгоҳҳо мебошад ва зарурат ба онҳо дар ҷое ҳатмӣ аст, ки он ҷо таъмини босуботи барқ вуҷуд надорад, - шарҳ дод Қуддусов. – Агар нархро на бо шабакаҳои шаҳрӣ, бале бо васоили алтернативии мисли генераторҳои дизелӣ муқоиса кунед, он замон системаҳои офтобӣ рақобатпазир ва ҳатто фоиданок мешаванд”.

Вай гуфт, хароҷоти истгоҳи офтобии аккумуляторӣ дар 15-20 сол ё аз он бештар худро мепӯшонад. Истгоҳҳои шабакавӣ арзонтар буда, мӯҳлати камтар – 8-12 сол барои пӯшонидани хароҷотро барои тарруфашҳои маишӣ ва 4-7 солро барои тарруфаҳои тиҷоратӣ талаб мекунанд.

Ин мутахассис гуфт, ки барои минтақаҳои дурдаст истгоҳҳои офтобии аккумуляторӣ роҳҳали воқеии мушкил буда метавонанд.

Ибодулло Раҷабов ҳам бо чунин баҳогузории мутахассис розӣ аст. Ӯ бовар дорад, ки дар чанд соли наздик энержии сабз ба як воқеияти оддии Тоҷикистон табдил хоҳад шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ба бинокорон дастур доданд, дар сохтмонҳо панелҳои офтобӣ гузорандМирзиёев гуфт, тавлиди барқро дар Узбекистон 50% зиёд мекунандОбёрии қатрагӣ, оби борон... EBRD барои технологияҳои сабзи Тоҷикистон қарз додЗанҳо дар Яғноб то 8 соат дар рӯз барои таҳияи ғизо сарф мекунанд - САҲА