Оилаи Шокирҷон Ҳакимов: “Хаста шудем, аммо нарехтем”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шокирҷон Ҳакимов, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, 19 апрел ба синни 59 расид. Ин сиёсатмадор ва ҳуқуқдон имсол зодрӯзашро на дар канори зану фарзандон, балки дар кунҷи маҳбас мегузаронад. Ӯ ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст. Худаш розӣ нест. Ҳамсару фарзандонаш чӣ гуфтанд?