Тутубалина: Агар додгоҳ доир шавад, ман меравам ва аз нуқтаи назарам ҳимоят хоҳам кард. Вале фикр мекунам, ки ин як кори беҳуда аст, чунки ин назари шахсии ман аст ва ҳар кас барои изҳори ақидааш ҳаққ дорад. Ман бо нашри ин назарам касеро таҳқир накардаам.
Озодӣ: Ҳамзамон бо ин эъломия дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳам як мақола ба нашр расид. Фикр намекунед, ки бо ишораи баъзе аз сохторҳои ҳукуматӣ ин кор анҷом гирифтааст?
Тутубалина: Ман фикр намекунам, ки ин ташаббуси худи онҳо бошад, барои он ки ман солҳои зиёд аз тарафи рӯшанфикрони мо ин гуна ташаббусро надида будам. Мавзӯъҳои аз ин муҳимтар низ буд ва онҳо метавонистанд сухани худро бигӯянд. Аз ҷумла, роҷеъ ба вазъи иҷтимоӣ ва вазъи сиёсии кишвар масъалаҳои зиёде вуҷуд дошт, ки онҳо метавонистанд роҷеъ ба онҳо изҳори назар кунанд, ҳалли онҳоро тақозо кунанд ва изҳорот пахш кунанд. Вале сабаб чӣ бошад, ки рӯшанфикорони мо ҳоло роҷеъ ба ин мақола изҳори назар карданд. Барои ҳамин, эҳсоси ман чунин аст, ки ин бо ишораи мақомот шудааст.
Озодӣ: Шумо эҳсос намекунед, ки рӯшанфикрони мустақил аз шумо ҳимоят мекунанд, чун баъзеи онҳо дар ин бора изҳори назар карданд?
Тутубалина: Бале, албатта ҳимоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, аз ҷониби шиносҳо ва афроди ношинос ҳам. Ҳамин гуна аз тарафи рӯшанфикрон низ. Масалан, коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдуразоқов аз ҷумла онҳост. Рӯзноманигорон ва раҳбари Иттиҳодияи рӯзноманигорон Акбар Сатторов ва рӯзноманигорони дигаре то ҳол тарафдории худро баён доштаанд.
Озодӣ: Агар дар додгоҳ ибораи дар мақола овардаи шуморо баррасӣ кунанд, яъне иқтибосеро, ки шумо аз Владимир Ленин ба кор бурдаед, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», шумо аз ин навишта дифоъ хоҳед кард?
Тутубалина: Усулан ин гуфтаи ман нест, ман фикр кардам, ки ин гуфтаҳо дар ҳамин маврид дар ҳақи рӯшанфикрони мо қобили истифода аст. Вале боз такрор мекунам, ки ман ҳамаи рӯшанфикронро дар назар надорам, бахше аз онҳоро. Барои ҳамин ман аз ин гуфтаҳо ҳимоят мекунам ва ақидаи худро рад намекунам. Ман ҳамин тавр фикр мекунам.
Озодӣ: Матлаби шумо ҳамчун блог нашр шуда буд. Оё мавқеъи нашрия чигуна аст ва дар “Азия Плюс” ҳама аз шумо пуштибонӣ мекунанд?