Шумораи шаҳрвандони Узбекистон, ки аз соли 2022 то январи соли 2025 аз тарафи Русия дар Украина ҷангидаанд, дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рекордӣ будааст.
Бино ба рӯйхати “Зистан мехоҳам” (Хочу жит), ки тарҳи давлатии Украина аст, 1110 шаҳрванди Узбекистон ба таври қарордодӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пайваста, 109 нафари онҳо кушта шудаанд. Рӯйхат рӯзи 30-юми апрел нашр шуд.
Ба гуфтаи муаллифон, ин рӯйхат пурра нест ва бо шумули узбекистониҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, теъдоди воқеии зодагони Узбекистон дар ҷанг метавонад ба чандин ҳазор нафар расад.
Бино ба ҳисоби онҳо, ҷавонтарин зархариди узбек дар артиши Русия 21-сола ва калонсолтарини онҳо 62-сола будааст. Яке аз зархаридон пас аз ҳашт рӯзи бастани қарордод кушта шудааст.
Муҳаққиқони тарҳи “Зистан мехоҳам” мегӯянд, қиссаи ҷалби зодагони Узбекистон ва Тоҷикистон ба ҷанг ба ҳам монанд аст. Сафи муҳоҷирони узбек дар Русия кам намешаванд ва ҳукумати Русия ҳам аз ин вазъ ба фоидаи худ истифода бурда, муҳоҷиронро чун барраи қурбонӣ ба хати пеши ҷанг мефиристад.
Тарзи ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳам нав нест. Онҳоро дар ҷараёни амалиёт боздошт карда, бо таҳдиди рондан аз Русия ба бастани қарордод маҷбур мекунанд.
Ҳафтае пеш тарҳи “Зистан мехоҳам” омори зархаридони тоҷикро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия нашр кард. Ба ҳисоби ин тарҳ, 931 зодаи Тоҷикистон аз соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд.
Бар асоси феҳраст, аз 931 зодаи Тоҷикистон то моҳи январи соли 2025-ум 196 нафар кушта шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 931 зодаи Тоҷикистон дар Украина ҷангида, 196 нафари онҳо кушта шудаандҶустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки баъзе аз онҳое, ки номашон дар рӯйхат оварда шудааст, дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ё алайҳи онҳо санад тартиб дода шуда, бо таҳдид ва тарсондан ба ҷанг бурда шудаанд. Бархеи дигар ҳам аз зиндон ба ҷанг бурда шудаанд.
Дар рӯйхати нав онҳое низ ҳастанд, ки тавассути ширкати муздурони "Вагнер" ба сафи артиши Русия ҷалб шудаанд, аммо теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Русия зидди Украина ҷалб шудаанд, маълум нест.