Паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал бармегарданд

Темур Раҳимов. Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи сеюми мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Рӯзи якшанбеи 27-уми апрел Тоҷикистонро дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг); дар сабқати занон Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ карданд.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кило дар даври ниманиҳоӣ бар Магомедумар Магомедумаров аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз Сеунгёб Ли, гуштигири Кореяи Ҷанубӣ, бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Ин нишони дуюми нуқраи Раҳимов дар қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар рақобат барои нишони биринҷӣ гуштигири ҷопонӣ Каито Гринро мағлуб кард. Маҷидов соли гузашта низ дар қаҳрамонии Осиё барандаи медали биринҷӣ шуда буд.

Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило барои медали биринҷӣ аз намояндаи Қазоқистон Максим Меирлан шикаст хӯрда, мақоми панҷумро гирифт.

Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кило дар даври дуюм аз намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҷаъфар Костоев мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар рақобати тасаллобахш аз Мао Арай (Ҷопон) ноком шуда, мақоми 7-умро касб намуд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқот дар Тайланд – 25-уми апрел – се паҳлавони тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот - 26-уми апрел –ду намояндаи Тоҷикистон – Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) медали нуқра ва Абубакр Шеров (-73 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик дар се рӯзи мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) дохил буданд. Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қаҳрамонии Осиё байни дастаҳо, ки 28-уми апрел дар Бангкоки Тайланд доир мегардад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё, ки дар Бангкоки Тайланд рӯзи 28-уми апрел ба поён расид, 289 варзишгар (165 мард ва 124 зан) аз 29 кишвари қора ширкат доштанд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Бар асоси натиҷаҳои қаҳрамонии Осиё ва мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки рӯзҳои 2-4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мегардад, ҳайати асосии мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон (13-20-уми июн дар Будапешти Маҷористон) муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки пас аз ду бор пирӯз шудани паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило, дигар касе аз Тоҷикистон то ҳоло дар мусобиқоти қораӣ дар ин риштаи олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.