Панҷ тан аз чеҳраҳои саршиноси маҳкумшударо ба зиндони Ваҳдат бурдаанд

Панҷ тан аз чеҳраҳои маҳкумшудаи парвандаи пурсарусадои “табаддулотӣ давлатӣ” ва “хиёнат ба давлат”-ро ба зиндони воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Як манбаи боварибахши Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, ки Акбаршо Искандаров, Аҳмадшо Комилзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Абдулфайз Атоӣ ва Шокирҷон Ҳакимоваро рӯзи 15-уми май ба зиндон интиқол доданд.

Ҳамаи ин чеҳраҳо аз замони боздошт то кунун дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Ҳамчунин Хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, ки бо “феҳристи маҳкумшудагони ба зиндони 3/1-и Ваҳдат интиқолшуда” ошно шудааст, ки дар миёни онҳо “номи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили собиқи парлумон, Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон”, вуҷуд дорад.

Ҳарчанд мақомоти тоҷик то кунун дар ин бора расман чизе нагуфтаанд, вале пайвандони чанд тан аз ин маҳкумшудагон дурустии ин иттилоъро ба Радиои Озодӣ таъйид карданд.

Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта аз қавли манобеи огоҳ ва боварибахши худ хабари ба зиндон бурдани Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии кишвар ва ду тани дигарро низ нашр кард, ки рӯзи 8-уми май сурат гирифта буд.

Ин манобеъ, ба далели сарҳанги мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будани Зарифӣ, тахмин зада буданд, ки ӯ ба зиндоне, ки кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд, интиқол дода шудааст.

Аз ин пештар, ягона зан дар ин қазия, рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурда буданд.

Интиқоли ин маҳкумшудаҳо ба зиндон дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, танҳо Ҳамрохон Зарифӣ аз миёни ин нуҳ тан дар миёнаҳои моҳи апрел, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурда буд. Ҳанӯз дақиқ нест, ки додгоҳ ба баррасии шикояти ӯ пардохтааст ё не.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ин 9 нафарро, ки зинаи аввал 5-уми феврал содир карда буд, рӯзи 2-юми апрел дар марҳилаи бозбинӣ бетағйир гузошт. Ҳар ду марҳилаи додгоҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҷуз маҳкум кардани ин чеҳраҳо ба солҳои тӯлонии зиндон, ҳамчунин қарори мусодираи дороиҳои онҳоро низ содир кард, ки ахиран ҷанҷолӣ ва додгоҳӣ шудааст.

Додгоҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе алайҳи фарзандоне се тан аз ин чеҳраҳо парвандаи маданӣ боз кардаанд, ки амволи мусодирашударо дар ихтиёри давлат намегузоранд.

Кӣ чанд сол зиндонӣ шуд?

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;
  • Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол.