47 паноҳҷӯи дигари афғонистониро аз Тоҷикистон берун кардаанд 

Паноҳҷӯёни ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат ба таксиронӣ машғул будаанд

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 47 паноҳҷӯйи дигари афғонро аз кишвар берун карда, ба Афғонистон баргардондаанд.

Дар ин бора “Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” рӯзи 23-юми апрел хабар дод. Манбаъҳои Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ карданд.

Ба қавли манбаъ, паноҳҷӯёни ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд ва асосан ба таксиронӣ машғул буданд.

“Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” навиштааст, 47 шаҳрванди ихроҷшудаи Афғонистон соҳиби корти гурезагии Созмони Милал буданд.

“Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, баъзе аз ин паноҳҷӯён ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват шуда, теъдоди дигар дар маконҳои серодам боздошт ва ба Афғоонистон бозгардонда шудаанд,” -- навиштааст “Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон”.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Баъд аз соли 2022 даҳҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд.

Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.