Холмаҳмад Холназаров, мушовири вазири маорифи Тоҷикистон, ки он замон масъули таҳқиқи шикояти волидайн буд, мегӯяд, бо иттифоқи омӯзгорон ва волидайн ин масъаларо баррасӣ карда, ба хулосае омада буданд, ки ҳуҷҷатгузориҳо дурустанд ва ягон амали ғайриқонунӣ сар назадааст: «Ҳоло агар ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат карда бошанд, ин ниҳод худ таҳқиқ мекунад. Агар не, мо худ дар пайи тафтиши ин шикоят мешавем ва дар ҳоли ҷой доштани қонуншиканиҳо ҷазо медиҳем ва масъулро аз вазифа озод мекунем.»
Гулнора Меликова, директори мактаби рақами 15 – и ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сӯи волидон барои ғайриқонунӣ ситонидани маблағ аз онҳо муттаҳам мешавад, мегӯяд, ҳеҷ амалеро хилофи қонун анҷом надодааст: «Ягон амали ғайриқонунӣ надорам, ҳар чӣ кардаам бар асоси иҷозатнома (литсензия) – и шӯъбаи маориф ва шартномаи дуҷониба байни мактаб ва волидайн аст. Шартномаро бо ман ихтиёрӣ имзо мекунанд. Маблағ ба кассаи мактаб супорида мешавад ва касса ба онҳо расид (квитансия) медиҳад. Маблағе, ки ба мактаб дохил мешавад, аз раёсати молияи ноҳия ва бонк гузашта, боз ба мактаб меояд. Аз ин ҳисоб маош медиҳем ва барои таъмиру шикасту рехти мактаб истифода мекунем.»
Дар ҳамин ҳол, волидайни мактабиён мегӯянд, директори мактаб шартномаро ба дасти бачаҳо ба онҳо танҳо барои имзо кардан мефиристад ва супоридани маблағ иҷборӣ аст, на ихтиёрӣ. Ба қавли онҳо, ҳатто барои китобҳои дарсӣ ва парванда (дело) – и хонандагон ҳам маблағ ситонида мешавад.
Як наврас, ки исрор кард номашро наорем, гуфт, онҳоро раҳбарони синф маҷбур мекунанд, ки маблағ оранд ва агар наоранд, таҳдид мешунаванд, ки аз мактаб ронда хоҳанд шуд.
Дар суҳбат бо Озодӣ аз Додситонии кулл гуфтанд, ки ин масъала ба доираи салоҳиятҳои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дохил мешавад, аммо дар ниҳоди мазкур аз расидани ҳамчунин шикоят изҳори беиттилоотӣ карданд.
Аммо намояндагони вазорати маориф гуфтанд, худ ба таври оҷил ба таҳқиқи шикояти волидайн хоҳанд пардохт. Онҳо истисно намедонанд, ки моддаи 47 – и Қонуни маорифи Тоҷикистон дар бораи кӯмаки волидайн ба мактабҳо, аз сӯи масъулин мавриди сӯистифода қарор гирифта метавонад.
Зимнан, ин аввалин мавриди шикояти дастаҷамъонаи падару модарон аз ҷамъоварии маблағ дар мактабҳои Тоҷикистон аст. Аммо ҳеҷ як аз мақомот барои мо мисоле оварда натавонистанд, ки омӯзгоре аз мактабҳои Тоҷикистон барои гирифтани маблағи ғайриқонунӣ боздошт ва муҷозот шуда бошад. Ба қавли онҳо, чунин ҳолатҳо дар мактабҳои олии кишвар бештар иттифоқ меафтад ва ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.