Паёми ҳамдардии сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рашт, 13-уми апрели 2025

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба осебдидагон дар заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Паёми сафорат рӯзи 14-уми апрел дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр шуд.

"Мо ба барқарории ҳар чӣ зудтари минтақаҳои осебдида умедвор ҳастем," -- гуфта шудааст дар нома.

Дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ду ноҳияи минтақаи Рашт 94 хона пурра ва даҳҳо манзили дигар қисман вайрон шудаанд.

Як навраси сесола дар зери девор монда, ҷон бохт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "94 хона пурра вайрон шуд." Оқибатҳои зилзила дар минтақаи Рашт