Пешвои калисои католики романӣ даргузашт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, ки чанде пеш аз бемории роҳҳои нафас наҷот ёфта буд, 21 апрел дар 88-солагӣ даргузашт. Ин зодаи Аргентина аз соли 2013 ва пас аз истеъфои Бенедикти шонздаҳум калисои румии католикро роҳбарӣ мекард ва бо рафтори хоксорона ва дифоъ аз адолати иҷтимоӣ машҳур буд.