Мақомот дар Полша ё Лаҳистон ризоияти худро барои кори консулгарии Русия дар шаҳри Краков бекор мекунанд. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Полша Радослав Сикорский, чунин қарор баъди он қабул шуд, ки собит шуд таркишеро дар як маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Варшава соли гузашта сохторҳои махсуси Русия ташкил карда буданд. Маълум нест кори консулгарӣ кай ба охир мерасад.
Рӯзи 11 май мақомоти Полша сохторҳои вижаи Русияро дар оташ задани маркази тиҷоратии Marywilska 44 дар шаҳри Варшава дар моҳи маи соли 2024 гунаҳгор карданд. Дар ин бора раҳбарони вазорати корҳои дохилӣ, адлия ва додситони кулли ин кишвар изҳорот дода гуфтанд, ки “сӯхтор дар натиҷаи махсус оташ задани бино бо фармоиши сохторҳои вижаи Русия рух дод”. Чунин хулоса, ба гуфтаи онҳо, дар паи таҳқиқи мӯшикофонае ба даст омадааст, ки дар он инчунин хадамоти вижаи Литва ҳам иштирок карданд.
Сӯхтор дар маркази тиҷоратии Marywilska 44. 12 маи соли 2024
Нахуствазири Полша Доналд Туск дар Х навишт: “Қисме аз ҷинояткорон дастгир шудаанд, дигарҳо шиносоӣ ва мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Мо ҳамаи шуморо пайдо мекунем!”.
Сӯхторе, ки шаби 12 май рух дод, якуним ҳазор ғурфаи ҷойгиршуда дар масоҳати 60 ҳазор метри мураббаъро нобуд кард. Мутахассисон аз оғоз гуфтанд, ки эҳтимолан ин ҳодиса сӯхтори махсус ташкилшуда аст, чунки алангаи оташ дар фурсати кӯтоҳ дар тамоми маркази тиҷоратӣ паҳн шуд.
Мақомот дар Русия ҳанӯз хулосаҳои сохторҳои тафтишотии Полша ва ҳам қарори бастани консулгарии Русия дар Краковро шарҳ надодаанд.