Посухи маъмурияти Доналд Трамп дар бораи USAID ба додгоҳ

Коллаж

Маъмурияти президент Доналд Трамп додани 90 дарсади ёриҳои хориҷии Амрикоро ба воситаи USAID бас кардааст. Ин маълумотро телевизиони CNN аз ҳуҷҷатҳои додгоҳӣ пайдо намуд.

Тибқи ин санадҳо, маъмурияти Трамп 5800 гранти хориҷиро қатъ карда, беш аз 500-тои онро пурра боздоштааст. Пули умумии ин грантҳо ба 57 миллиард доллар мерасад.

Баробар бо ёриҳои USAID, 4100 гранти ҳукумати Амрико бекор карда шуд ва 2700-и он боқӣ монд.

Ин посухи маъмурияти Трамп ба додгоҳ фиристода шудааст, ки қонунмандии боздошта шудани кумакҳоро ба давлатҳои хориҷӣ муҳокима мекунад.

Дар санад инчунин гуфта шудааст, ки котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио шахсан ҳар як тарҳи грантиро арзёбӣ карда, барои ҳифзу идомаи он ва ё баста шуданаш қарор қабул кардааст.

Даъвогарон бовар надоранд, ки як одам ва ҳатто гурӯҳе аз шахсон тавонанд дар як фурсати бисёр кӯтоҳ ҳамаи ин тарҳу барномаҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, қарори дуруст қабул кунанд.

USAID ё Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико дар соли 1961 бо мақсади расондани ёриҳои байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида таъсис шуд.

Ин созмон дар давоми беш аз сӣ сол ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар ёрӣ кардааст.