Президенти собиқи Қирғизистон ба фасодкорӣ гунаҳкор шуд

Алмосбек Отамбоев

Додгоҳе дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, собиқ раиси ҷумҳури ин кишварро ба фасодкорӣ гунаҳкор кард, аммо бо сабаби гузаштани муҳлати даъво ҷазо надод.

Президенти собиқро ба он гунаҳкор карданд, ки дар вақти ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев ба фасод даст задааст.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод. Президенти собиқи Қирғизистонро соли 2023 озод карданд.

Азиз Батукаев соли 2006 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ташкили бетартибӣ ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуда буд. Аммо ӯро соли 2013 бо сабаби гирифтори “бемории табобатнашаванда” будан аз зиндон озод карданд.

Ба ҷуз Алмосбек Отамбоев, чанд мансабдори баландпояи дигари Қирғизистон ҳам дар ғайриқонуни озод кардани Азиз Батукаев гунаҳкор эълон шуданд. Додгоҳ Индир Ҷолдубаев, собиқ додситони куллро ҷарима кард, аммо чанд мақомдори дигар ба далели гузаштани муҳлати даъво ҷазо нагирифтанд.