Президенти Тоҷикистон ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро бекор кард

Маҳбусе тоҷике дар фурӯшгоҳи зиндон харид мекунад

Рӯзи 14 май, як моҳ баъди мувофиқати парлумони Тоҷикистон бо бекор кардани ҷазои ҷиноӣ барои “лайк”-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин қонунро тасвиб кард.

Ба ин тартиб, қонун «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор намуд.

Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" (Like) дар зери матлабҳои интернетӣ, ки қаблан садҳо касро ба зиндон бурдааст, дигар ҷавобгарии ҷиноӣ нахоҳад дошт. Ҳоло пурсиши асосӣ ин аст, ки то куҷо маҳкумшудагон бо ин банди қонуни ҷиноӣ акнун метавонад аз зиндон озод шаванд.

Моҳи апрел Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқдони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати амалӣ шудани қонун он ба гурӯҳе аз маҳкумшудагон низ дахл хоҳад дошт. Ӯ машварат дод, ки чунин нафарон бо ёрии вакилони дифояшон барои бозбинӣ шуданти ҳукми додгоҳ муроҷиат кунанд.

Ҷӯраев, аз ҷумла гуфт: “Агар ин шахс бо яке аз ин ду модда – 179 (замимаи 3) ё 307 (замимаи 1) маҳкум шудааст, танҳо барои гузоштани лайк ва барои гузоштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пурра аз ҷазо озод карда мешавад. Ё аз адо намудани ҷазои боқимонда озод карда мешавад".

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, дорои хусусияти ифротӣ ҷазо гирифтаанд.

Мақомот навору навиштаҳои мухолифон ва созмонҳои мамнуъ дар кишварро ифротӣ мешиносанд, ҳарчанд корбарон онҳоро танқиди барҳақ медонанд ва зерашон “лайк” мегузоранд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет”-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои “лайк” маъруф аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Лағви ҷазо барои "Like" ба кӣ дахл дорад ва кай ба иҷро медарояд?Пешниҳоди лағви ҷазо барои гузоштани "Like""Беш аз 1,5 ҳазор кас дар зиндон." Ҷазо барои гузоштани "Like" лағв мешавад?