Путин ба музокироти сулҳ омода будааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуфтугӯи мақомоти аврупоӣ ва украин бобати хатми ҷанг дар Украина, ки қарор буд 23 апрел дар Лондон баргузор шавад, бекор шудааст. Ҳанӯз далели лағви ин нишаст маълум нест, вале рӯзи 21 апрел бори аввал аз оғози ҷанг Владимир Путин, президенти Русия гуфт, омодаи музокираи рӯ ба рӯ бо Украина аст.