Путин оташбаси муваққат эълон кард. Зеленский: ҷанг идома дорад

Владимир Путин ва Владимир Зеленский

Президенти Украина мегӯяд, агар Русия ҳамлаҳоро қатъ кунад, Киев низ айни корро хоҳад кард. "Оромӣ дар баробари оромӣ, ҳамла дар муқобили ҳамла," -гуфтааст Владимир Зеленский.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия як рӯз пеш эълон кард, ки ба муносибати иди Пасха, ҳамла ба Украинаро 30 соат қатъ мекунанд. Ба гуфтаи Путин, оташбас аз соати 18-и 19-уми апрел то 00-и 21 апрел идома мекунад. Дар Вазорати мудофиаи Русия гуфтаанд, низоми оташбас танҳо дар сурате иҷро мешавад, ки агар Украина ҳам онро риоя кунад.

Вале Владимир Зеленский мегӯяд, бо вуҷуди эълони Путин, неруҳои Русия дар чанд ҷабҳа ҷангро идома медиҳанд. “Барои ҳамин ба ҳарфҳои Маскав боварӣ нест. Мо хеле хуб медонем, ки Русия одамонро ба гумроҳӣ мебарад ва барои ҳама гуна ҳолат омода аст. Неруҳои дифоии Украина оқилона амал карда, ба чунин ҳамлаҳо айнан посух хоҳанд дод,"-гуфтааст Зеленский.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки низоми оташбас баъди иди Пасха ҳам идома ёбад.

Ба гуфтаи Зеленский, “30 соат оташбас танҳо барои хабарҳо кофӣ аст, на барои нишон додани эътимоди воқеӣ." Президенти Украина ҳамчунин гуфтааст, Маскав то ҳол ба пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси 30 рӯза посух надодааст.