Варзишгарони тоҷик Шаҳриёр Даминов ва Амир Бобоҷонов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки рӯзҳои 8-10-уми май дар шаҳри Нанчани Чин доир гардид, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, Шаҳриёр Даминов ва Амир Бобоҷонов дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр мақоми сеюмро касб карда, бо нишони биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадӣ Раҷабов дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, аммо натавонист медал бигирад.
Дар қаҳрамонии Осиё дар қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Нанчани Чин 280 варзишгар аз 19 кишвари қора иштирок намуда, дар масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр рақобат карданд.
Пирӯзии Ерлан Султонғозиев дар Чин дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр аввалин медали тиллои қаҳрамонии Осиё байни бузургсолон дар замони истиқлолияти Қирғизистон гардид.
Қаиқронони Узбекистон Муҳаммадалӣ Мирисмонов, Диёрбек Маматқулиев, Арина Танатмишева, Камолиддин Раҳматуллоев, Азимҷон Сотиболдиев, Александр Зарубин
ва Зарина Рустамова дар қаҳрамонии Осиё шаш медал (се нуқра ва се биринҷӣ) гирифтанд.
Мусобиқаи имсола дар Нанчани Чин бисёре аз дастаҳои пурқуввати минтақаро гирди ҳам овард ва барои варзишгарон як фурсати муҳиме шуд, ки ба Бозиҳои осиёӣ ва олимпӣ омода шаванд.