Қурби доллар поин шуд, нарх дар бозорҳо тағйир меёбад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, поин рафтааст. Рӯзи 18-уми апрел арзиши 100 доллари ИМА дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1081 сомонӣ баробар буд. Рӯзи 22-юми апрел 100 доллар ба 1068 сомонӣ расид. Баъзе сокинон бовар доранд, ки нархи баъзе маҳсулот коҳиш меёбад.