Рамазон Қодиров такроран хост, аз мақомаш озод кунанд

Рамазон Қодиров муддатҳои зиёд аст, ки аз беморӣ ранҷ мекашад

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон хостааст, ки ӯро аз вазифа озод кунанд. Дар ин бора худи ӯ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ин изҳорот баъди он пахш шуд, ки нашрияи "Новая газета. Европа" таҳқиқеро дар бораи раҳбари Чеченистон нашр кард, ки гӯё барои худ ворис омода мекунад. Аммо дертар Рамазон Қодиров дар Telegram гуфт, ки бисёриҳо маънои суханони ӯро дар бораи истеъфо дарк накарданд.

Ӯ гуфт, ки ин овозаҳоро шунидааст ва нашрия ҳар чиз менависад. Ба қавли Рамазон Қодиров, худаш хоҳиш кардааст, ки ӯро аз вазифа сабукдӯш намоянд ва умедвор аст, дархосташ пазируфта мешавад.

"Новая газета. Европа" батакрор навишт, ки дар Чеченистон вориси Қодировро тарбия мекунанд. Моҳи апрели соли гузашта ин нашрия хабар дода буд, ки Қодиров гирифтори бемории ғадуди зери меъда аст.

Рамазон Қодиров қудратро дар Чеченистон пас аз марги падараш Аҳмад Қодиров дар соли 2004, ки ҳангоми ҳамлаи террористӣ кушта шуд, ба даст овард ва тахминан бист сол аст ин ҷумҳурии Қафқози Шимолиро бо мушти сангин, поймолкунии фаровони ҳуқуқи инсон ва қонунҳои нонавиштааш раҳбарӣ мекунад.

Ӯ аз ҷанги Русия алайҳи Украина пуштибонӣ намуда воҳидҳои низомии худро барои кӯмак ба артиши Кремл фиристодааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Интиқоди Рамазон Қодиров аз ду мансабдори РусияРамазон Қодиров ду мансабдори русро ба муҳоҷирситезӣ муттаҳам кардНикита Журавелро дар Русия 13,5 соли дигар зиндонӣ карданд