Йоҳан Бир афзудаааст, “нафақат “Азия Плюс”, балки ҳар расонаи дигари интиқодгар таҳти таҳдиди ин ҳукми сиёсӣ қарор мегиранд. Мо аз додгоҳи таҷдиди назар даъват мекунем, то ин қазияро комилан холисона такмил карда ва бо эҳтиром ба қонун пардохти товонро бекор кунад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пуштибонии "Хабарнигорони бидуни марз" аз Тутубалина
“Хабарнигорони бидуни марз” яке аз мӯътабартарин созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ба шумор меравад. Ин созмон дар раддабандии имсолааш Тоҷикистонро аз нигоҳи мурооти озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 115-уми гузоштааст.
Таърихчаи баҳси Тутубалина бо зиёиён
Олга Тутубалина
Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Ба дунбол 5 созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида - Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд.
Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овард. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.
Ҳуқуқдонҳои мустақил дар худи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар асл бояд Владимир Ленинро ҳамчун муаллифи аслии ибораи “Интеллигенция это не мозг нации, а ее говно” ба курсии ҷавобгарӣ мешинонданд, на Тутубалинаро, ки дар матлабаш аз “доҳии пролетариат” танҳо иқтибос кардааст.