Рухшона Ҳакимоваро аз Боздоштгоҳи Душанбе ба зиндони Норак бурдаанд

Акс аз "Хабарнигорони Бидуни Марз"

Рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро, ки дар доираи парвандаи маъруф ба “кӯшиши табаддулот” ба 8 сол зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 22-юми апрел ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурдаанд. То ин муддат ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомот то кунун дар бораи ба зиндони Норак интиқол додани Рухшона Ҳакимова изҳори назар накардаанд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 22-юми апрел аз манбаъҳои худ дар ин бора огоҳ шуданд.

Пас аз он ки Додгоҳи олӣ ҳукми Рухшона Ҳакимоваро бетағйир гузошт, вакили мудофеи рӯзноманигор гуфта буд, ки пас аз панҷ рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ӯро ба маҳбас интиқол хоҳанд дод.

Рухшона Ҳакимова ду фарзанди хурдсол дорад ва аз замони эълони ҳукм дар моҳи феврал, ки аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд, онҳоро надидааст.

Ду рӯз пештар, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба наздикони ин рӯзноманигор хабар дод, ки мақомот наздик ба 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Рухшона Ҳакимова солҳо ин маблағро барои хариди хона дар Душанбе ҷамъ карда буд ва дар ҳисоби бонкияш нигаҳ медошт ва баъди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд.

Ба ҷуз Рухшона Ҳакимова, ҳамчунин намояндагони Хадамоти иҷро пас аз 16-уми апрел ба мусодираи амволи чеҳраҳои дигари шинохта оғоз карданд, ки дар доираи парвандаи “кӯшиши табаддулот” ба зиндон маҳкум шудаанд.

То ин дам намояндагони Хадамоти иҷро барои мусодираи хонаҳо ва дороиҳои дигари Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ омадаанд.

Аммо наздикони ин афрод мегӯянд то кунун бастагонашон дар боздоштгоҳи муваққат ҳастанд ва ҳамарӯза барои онҳо хӯрок мебаранд. Мақомот дар бораи кай ба маҳбасҳо интиқол додани онҳо чизе намегӯянд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Гуфтанд, гуноҳ надорем, аммо ҳукм бетағйир монд"Талаби як Эътилофи байнулмилалӣ аз мақомоти ТоҷикистонҶузъиёти ҳукми 9 нафар ва баъзе шарҳу гумонҳо. Онҳо кистанд?Дар Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки чаро Рухшона пеши кӯдаконаш намондКӯдакони муштоқи дидори модар. Тақдири фарзандони Рухшона