Додгоҳи олии Русия рӯзи 17-уми апрел пешниҳоди Додситонии кулли ин кишварро пазируфт ва гурӯҳи “Толибон”-ро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ берун кард.
Ин қарор метавонад заминаи ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои бештар ва сармоягузорӣ фароҳам биорад, аммо ба маънои эътирофи ҳукумати “Толибон” ё Аморати исломии Афғонистон нест.
Русия дар соли 2003 фаъолияти “Толибон”-и Афғонистонро дар қаламраваш манъ ва барои ҳама гуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ ҷазо таъйин карда буд.
Ҷангҷӯёни “Толибон” дар тобистони соли 2021, пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ, бори дувум зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
То кунун ҳеч кишвару созмоне ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Аксар давлатҳо риояи ҳуқуқи одамон, бавижа иҷозаи таҳсилу кори занон, озодии баёну виҷдон ва ташкили ҳукумати фарогирро аз шартҳои асосӣ медонанд.
То кунун Қазоқистон ва Қирғизистон номи "Толибон"-ро аз қатори созмонҳои террористӣ гирифта, Туркманистону Узбекистон аз оғоз бо “Толибон” равобити нарм доранд ва ин гурӯҳро “террористӣ” ном намебаранд.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, дар остонаи Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар оғози моҳи апрел гуфт, Афғонистонро набояд танҳо гузошт ва ба он ёрӣ кард.
Тоҷикистон сарфи назар аз ҳамкориҳои ошкору пинҳоне, ки то кунун бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон дорад, ҳанӯз ин ҳаракатро дар феҳрасти созмонҳои мамнуъ ва террористӣ нигаҳ медорад.