Иҷозатномаи сесолаи кор барои мардикорони тоҷик дар Русия
Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Facebook
Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 26 март протоколеро тасвиб кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гирифтани муҷаввизи кор барои муддати то се солро иҷозат медиҳад.
Шӯрои Федератсия, маҷлиси болоии порлумони Русия, рӯзи 26 март тағйирот ба созишномаи моҳи октябри соли 2013 миёни Русияву Тоҷикистонро тасвиб кард. Бар асоси ин тағйирот, муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Русия барои муддати то 3 сол иҷозатномаи кор бигиранд.
Михаил Маргелов, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсия, гуфтааст, тасвиби ин протокол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва барои атбоъи Русия дар Тоҷикистон шароити муносиби кор фароҳам меорад ва ин, ба ақидаи Маргелов, як шарти лозим барои таъмини комёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ду кишвар аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иҷозатномаи сесолаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Бо ин ҳол, садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон боз ҳам ҳамасола худро ба бозори кори Русия мезананд ва омодаанд ба хотири таъмини оилаҳои худ тамоми азобу маҳрумияти ғурбатро таҳаммул кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар мақомоти тоҷик аз Русия ба унвони “шарики стратегӣ”-и Душанбе бас кардани таҷрибаи ихроҷ(депортатсия) ё берун(выдворение) кардани шаҳрвандони худро талаб кунанд. Каримҷон Ёров мегӯяд: "Бояд талаб мекарданд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳаққи бидуни сабти ном ба сар бурдан дар Русияро ба даст биоранд ва аз азоби тафтишу таъқиби пулис халос шаванд. Бояд Тоҷикистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро, ки ҳанӯз дар солҳои 90 имзо шуда буд, тасвиб кунад, то мардуми мо ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст биорад. Ҳоло бубинед, ки ҳар сол беш аз 1000 доллари муҳоҷирони тоҷик барои иҷозатномаи кор харҷ мешаванд. Агар онҳо шаҳрвандӣ бигиранд, ба ватан пули бештар хоҳанд фиристод. Вале баъди Қрим дигар гумон аст, ки дар Душанбе касе дигар ба ёди он созишномаи 20 соли пеш биуфтад."
Ҳоло мақомоти Русия метавонанд бо ҳар баҳонаи кӯчак, ҳатто барои напардохтани пули обу барқу телефон ё бо суръати баланд рондани мошин муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз ҳаққи вуруд ба Русия барои муддати аз 3 то 5 сол маҳрум кунанд. Танҳо “рӯйхатти сиёҳ”-и Хадамоти муҳоҷирати Русия имрӯз 72 700 шаҳрванди Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд.
Мамнӯъулвуруд шудани ҳар яке аз ин муҳоҷирон, ба гуфтаи ҷомиашиносони тоҷик, ба ин маъност, ки дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, агар Душанбе аз “шарики стратегӣ”-аш афви ин артиши бузургро дархост мекард, барои муҳоҷирони тоҷик назар ба муҷаввизи сесолаи кор ё ҳаққи 15 рӯз сукунати бидуни сабти ном кумаки хеле бузургтар мешуд.