Садҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия банд мондаанд

Аксҳо аз навори фиристодаи муҳоҷирон

Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон як ҳафта боз дар гузаргоҳи Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд.

Баъзе аз онҳо барои дароз кардани муҳлати будубош дар Русия вориди Қазоқистон шуда буданд, вале ҳоло марзбонони Русия иҷозаи даромадан намедиҳанд ва ҳам намегӯянд, ки иллаташ чист.

"Баъзе аз бачаҳо як ҳафта боз дар инҷо ҳастанд. 200 мошин ҳаст, нагузаштааст. Бинед, мо дар чӣ аҳволем. Узбекҳо гузаштанд, қирғизҳо гузаштанд, чун аз сафораташон одам ҳаст. Аз мо касе нест," -- гуфт як муҳоҷири тоҷик бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 8-уми апрел.

Марзбонони рус ба муҳоҷирони тоҷик сабаби роҳ надоданашон ба хоки Русияро шарҳ намедиҳанд. Як намояндаи Қирғизистон ба муҳоҷирони ин кишвар дар ҳузури дигарон гуфтааст, ки дар сарҳад қочоқи нуриҳои менералӣ сабт шудааст ва ба ҳамин далел Русия назоратро сахт кардааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.

Баъзе аз муҳоҷирони бандмонда аз Тоҷикистон бо мошинҳои шахсӣ ба Русия мераванд, вале бархеи дигар онҳое ҳастанд, ки ба хотири убури марз ва навсозии муҳлати будубош аз Русия ба Қазоқистон ворид шудаанд.

Аксар муҳоҷирони тоҷик барои тамдиди будубоши худ дар Русия бояд дар 90 рӯз як бор хоки ин кишварро тарк кунанд. Бештари онҳо ба Қазоқистони ҳаммарз бо Русия мераванд, то аз он ҷо дубора вориди Русия шаванд. На ҳамеша мақомоти рус ба бархеи онҳо иҷозаи бозгашт ба Русияро медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон ба чунин равишҳо дахолати ҷиддӣ намекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марзбонони рус тоҷиконро дар марз манъ кардаанд