Ин сароянда рӯзи 11-уми декабр дар саҳифааш дар Ютуб сурудхониашро бидуни ҳиҷоб нашр кард. Дар Эрон ин амал ҷиноят ҳисоб мешавад.
Пулиси Эрон хабар додааст, ки Парасту Аҳмадӣ пас аз “корҳои фаҳмондадиҳӣ” раҳо шуд.
Дар саҳифаи Ютуби ӯ навори сурудхониашро, ки рӯзи 11-уми декабр нашр шуд, беш аз 1,6 миллион бор дидаанд.
Навор аз Радиои Фардо:
Ӯ бидуни ҳиҷоб ва бо либоси бе остин дар саҳни ҳавлие бо чанд навозанда, вале бе ҳузури тамошобин суруд мехонад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори ӯро “қаҳрамонӣ ва ҷасорат” номидаанд.
Парасту Аҳмадӣ дар сурудхонии ҷанҷолиаш оҳанги тоҷикии "Камарборики ман"-ро низ мехонад, вале дар он "Ёри тоҷикӣ ман" ҳазф шудааст. Ин сурудро Аблуқосим Лоҳутӣ, шоири эронӣ, ки дар Тоҷикистон мезист, навиштааст ва онро сарояндаҳои зиёд тоҷик оҳанг баста, суруд хондаанд.
Парасту Аҳмадӣ соли 2022 низ барои тарафдорӣ аз эътирози “Зан, зиндагӣ, озодӣ” боздошт шуда буд.
Эрон, ки беш аз 40 сол боз ҷумҳурии исломӣ эълон шудааст, беҳиҷобиро ҷиноят медонад.
Чанд соли ахир, занони Эрон бо эътироз ба ҳукумат аз пушидани ҳиҷоб худдорӣ мекунанд.