Ҷаласаи раҳбарони сохторҳои амниятии ИДМ дар Душанбе

16 май, Душанбе

Раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 16 май дар Душанбе ҷаласаи навбатие барпо мекунанд, мавзӯи мубориза бо чолишҳои замонавиро дар меҳвари ин баррасиҳо қарор додаанд.

Ба иттилои маркази матбуоти ФСБ-и Русия, “дар ҷараёни ҷаласаи шӯро таваҷҷӯҳи асосӣ ба беҳтар кардани ҳамкориҳои хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ба мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ ва ҷиноятҳои интернетӣ равона мешавад”. Дар хабарнома омадааст, ки раҳбарон тадбирҳои иловагии ташхиси гурӯҳҳои террристию экстремистиро дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ мекунанд.

Барои иштирок дар ҷаласаи шӯрои ниҳодҳои амниятӣ ба Душанбе раҳбарони ин сохторҳо аз кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла, Сергей Наришкин, раиси хадамоти ҷосусии Русия, Қамчибек Тошиева, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон ва дигар раҳбарон иштирок мекунанд. Субҳи ҷумъа ширкатдорони шӯрои ниҳодҳои амниятии ИДМ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қирғизистон ва Тоҷикистон санади ниҳоии таъини марзро имзо кардаандЯтимов ба “тағйири шеваҳои муқобила бо терроризм” даъват кард