"Бе даъватнома ва таҳқиромез." Шикоят аз "сарбозшикор" дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоро дар инҷо бинед

Маъмурони милиса дар Кӯлоб талош кардаанд, ки як ҷавонро аз дохили бозори марказии шаҳр бо зӯр ба артиш баранд, аммо соҳибкорон монеъ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 8-уми апрел рӯй дод.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, яке аз маъмурон бо либоси мулкӣ мегӯяд, "ман шахсан барои бурдани ту омадаам. Бе даъватнома. Даъватномаро мон."

Кормандони милиса талош кардаанд, Амирҷон Бухориевро аз дукони модараш, соҳибкор Раҷаббӣ Одинаева ба артиш баранд.

Наздиконаш рафтори намояндагони мақомотро таҳқиромез хонданд. Дар иваз кормандони милиса ба дари дукони онҳо муҳр задаанд.

Азиз Бухориев, бародари Амирҷон, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо сад дарсад розием, ки бародарам ба хидмат равад. Чаро дар ҷойи ҷамъиятӣ чунин карданд ва дукони моро бастанд? Мо андоз (молиёт) месупорем, зиндагиямон пеш меравад. Як гурӯҳ ҷамъ шуда, таҳқиромез мехоҳанд сарбоз гиранд. Ман хидмат кардаам ва бародарам ҳам ба артиш меравад. Инҳо бе даъватнома бо таҳқир ин корро карданиянд."

Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳолат хабар надоранд, аммо дастур гирифтаанд, ки дар доираи қонун дар сафарбар кардани ҷавонон ба артиш саҳм гузоранд.

Дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъвати ҷавонон (аз 18 то 27-сола) ба артиш ҷараён дорад.

Мақомоти вилояти Хатлон рӯзи 1-уми апрел эълон карданд, ки нақшаи даъватро иҷро карданд, аммо ҳанӯз аз ҷалби маҷбурӣ ё бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон аз ин минтақа ва гӯшаҳои дигар шикоят мерасад.