Шойгу: Афғонистон мавзуи меҳварии нишасти Маскав хоҳад буд

Сергей Шойгу (аз чап) бо Мавлавӣ Абдулкабир, яке аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Толибон.

Cергей Шойгу, раиси Шӯрои амнияти миллии Русия мегӯяд, ки масъалаи Афғонистон яке аз мавзуъҳои муҳим дар барномаи нишасти байналмилалии Маскав хоҳад буд.

Қарор аст ин нишасти серӯза 27 май дар Маскав оғоз шавад ва намояндагони ҳудуди 150 кишвар дар он иштирок кунанд.

Хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз Шойгу гузориш додааст, ки мавзуи Афғонистон дар баробари масъалаҳои дигар, дар сиёсати хориҷии Русия аз авлавият бархӯрдор аст.

Русия робитаҳои наздике бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон дорад. Маскав ҳафтаи гузашта номи Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун кард ва эълон намуд, ки сафири ин гурӯҳро дар Маскав хоҳад пазируфт.

Бо ин ҳол, монанди бисёре аз кишварҳои дигар, Русия низ режими Толибонро ба таври расмӣ ба расмият нашнохтааст.