Президенти ИМА Доналд Трамп субҳи 13 май ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ расид ва ин сафари дуюми хориҷии ӯ дар давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш мебошад. Сафари аввалинаш ширкат дар маросими дафни попи Рум дар Ватикан дар моҳи апрел буд. Дар ин сафар ӯ бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон вохӯрда дар як ҳамоиши сармоягузорӣ иштирок хоҳад кард. Интизор меравад, ки рӯзи чоршанбе ӯ ба Қатар меравад ва панҷшанбе ӯро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ интизор мебошанд.
Reuters менависад, ки мавзӯи марказии гуфтугӯҳо дар ин сафар на ҷанг дар Ғазза ё барномаи ҳастаии Эрон, балки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мешавад.
Бо ин мақсад ба Арабистони Саудӣ соҳибкорони бонуфуз, аз ҷумла, раҳбарони ширкатҳои Blackrock ва Blackstone рафтаанд. Сарватмандтарин шахси сайёра Илон Маск, ки дар маъмурияти президент Трамп вазифаи расмӣ дорад, дар ин ҳамоиш иштирок хоҳад кард.
Дирӯз Трамп ногаҳон гуфт, ки мумкин аст дар ҷараёни сафар ба минтақа дар нақшааш тағйироте ворид кунад ва рӯзи панҷшанбе ба Туркия биравад. Ӯ гуфт, ин сафар дар сурате метавонад барпо шавад, ки он ҷо музокироти мустақими миёни президентони Украина ва Русия барои дастёбӣ ба сулҳ баргузор шавад.
Ташкили чунин мулоқотро президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳод кард. Аз ин пеш Путин бидуни мушаххас гуфтани ҳайати намояндагон пешниҳоди барпо кардани мулоқоти мустақимро ба забон овард.
Трамп гуфт, ки агар мулоқот барои дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат умедворкунанда бошад, ӯ ҳам метавонист ба Туркия биравад. То ҳол сафари Путин ва ҳамчунин худи Трамп ба Истамбул тасдиқ нашудааст.
Reuters таъкид мекунад, ки эҳтимолан дар музокираҳои Арабистони Саудӣ мавзӯи оддӣ шудани робитаҳои миёни ин кишвар ва Исроил баррасӣ намешавад. Манбаъҳои оҷонсӣ инро бо мавзеъгирии қотеи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу дар робита бо мавзӯи ҳукумати Фаластин ва дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза рабт медиҳанд. Риёз ишора кардааст, ки омода аст бо Исроил робита барпо кунад, вале на дар пасманзари амалиёти ҷангии идомаёбанда дар Ғазза.