Солгарди кушторҳои асроромез дар Конибодом

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз аввалин мавриди кушторҳои пайиҳам ва асроромез дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд як сол гузашт. Шаби 16 ба 17 апрели 2024 зану шавҳар, Музаффар Урмонов ва Иноят Урмонова, дар хонаашон дар деҳаи Сайҳун ба қатл расиданд. Ин ҳодиса пайвандонро дар азо нишонд ва сокинони дигарро ба ташвиш андохт.