Муҳаммад Ҳабибов, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, ҳар субҳ аз хона бо либосҳои оросто ва шинам ба кӯча мебарояд, аммо чун ба донишгоҳ расид, аз ин перостагии ӯ нишоне намемонад.
Зеро ба қавли ӯ дохили мусофирбари хатсайри рақами 22 (Донишгоҳи омӯзгорӣ – маҳаллаи 102), ки ҳар субҳу нисфирӯзӣ аз ҳамин мусофирбар истифода мекунад, пуродам ва бенизом аст. Муҳаммад ҳамчунин меафзояд: «Бо вуҷуди он, ки хизматрасонии мусофирбари рақами 22 ба талабот ҷавобгӯ нест, ба болои ин, муносибат бо мусофирон дар сатҳи паст буда, дар ин мусофирбар ба ҷои 15 нафар то 30 нафар мегиранд».
Аз хизматрасонии мусофирбари рақами 22 натанҳо мусоҳиби мо Муҳаммад, балки даҳҳо мусофири дигар низ шикоят мекунанд, ки наздик ба 90 дарсади онҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгориву тиббиянд.
Аксари онҳо мегӯянд, аз кори ронандаҳо дар ин масир ба дод омадаанд. Яке аз онҳо -- Сайёра ҳарчанд борҳо ба худ ваъда додаст, ки дигар ба он савор намешавад, илоҷи дигар надорад: «Тими хатсайри мазкурро қариб аз нисф зиёд ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз тарзи муносибату рафтори онҳо маълум мешавад, ки ҳеҷ мактаби одобу муоширатро нагузаштаанд. Забони гуфтори онҳо ниҳоят дағал аст, дашномҳои болохонадор, мусиқии баланд, ҷангу ҷанҷол. Барояшон тамоман муҳим нест, ки иззату эҳтироми аз худ калонро ба ҷо овардан шарт аст».
Барои таҳқиқи ин мушкил ва шикояти сокинон мо ҳам соате мусофири хатсайри рақами 22 шуда, аз назди Кохи Борбад то Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтем. Дар дохили он ҷои нишаст набуд ва ман низ дар қатори чанд мусофири дигар рост истодам. Аз он ки вориди ин мусофирбар шудам, пушаймон гаштам. Зеро баракси ваъдаи пулчинак, ки мусофиронро бовар мекунонд, дар истгоҳи навбатӣ ҷои нишаст пайдо мешавад, ҷо ёфт нашуд ва мо то охирин истгоҳ рост истодам. Болои ин ҳама садои баланди мусиқӣ ва тарзи мошинронии ронандани тахминан 20-25 сола, ки мусофиронро сахт ба ҳар тараф такон медод, ҳамаро асабонӣ мекард. Баъд аз лаҳзае ҷанҷоле сари бақияи роҳкиро ба миён омад. Ба мусофирон бақияи пули онҳо дода нашуд ва аксаран дархости онҳо барои бозгирифтани ҳаққи худ дар ҳаво монд.
Дилшода, яке аз мусофирони ин хатсайр, ки то охирин истгоҳ бақияи худро интизор буд, низ дигар тоқат надошт ва ҳаққи худро талаб кард. Вале ба ҷои 30 дирам бақияи худ танҳо садои баланди пулчинакро шунид, ки мегуфт роҳкиро 1 сомонӣ аст. Ва ҳамин ҷавоб буд, ки Дилшода бидуни гирифтани бақия аз мусофирбар берун шавад. Аммо чунин муносибати дурушт бо дигар мусофирон идома дошт, аз ҷумла бо ман: «бақияи маро намедиҳед? Чанд сомонӣ буд? 1 сомонӣ. Бояд ба ман 30 дирам бақия диҳед. Чихел бақия, роҳкиро 1 сомонӣ? Чӣ хел 1 сомонӣ, дар дохили мусофирбар 70 дирам навишта шудааст. Не, роҳкиро 1 сомонӣ».