Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав ва қатъи кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтодааст.
Ба маълумоти онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, баъд аз зуҳри 7-уми май аз Маскав ба Душанбе ягон парвоз анҷом нашудааст. Баъзе парвозҳо бекор шуда, баъзеи дигар ба таъхир гузошта шудаанд.
Шабонарӯз дар хатсайри Маскав-Душанбе то 7 парвоз анҷом мешуд ва яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистон ва Русия аст.
Ҳамин тавр парвозҳо аз Санкт-Петербург ба Душанбе ҳам ба мушкил рубарӯ шудааст. Садҳо муҳоҷирони тоҷик як рӯз аст, ки дар фурудгоҳи Душанбе ва фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Маскав дармондаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки вазъият кай ислоҳ мешавад. Кори фурудгоҳҳои асосии шаҳри Маскав дар пайи ҳамлаи густурдаи паҳподии Украина ба мушкил рубарӯ шуд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав аз партоби 20 дрон ба сӯи пойтахти Русия хабар дод. Вазорати дифои Русия мегӯяд, 500 бесарнишинро сарнагун кардааст.
Мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот феълан ғайриимкон аст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина 7-уми май аз ҳамлаҳои Русия ба кишвараш ёд карда гуфт, “одилона аст, ки осмони Русия низ тамоми рӯз ноором буд."